Дар бораи мо

 

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28 майи соли 1993, №242 сол дар заминаи Институти иттилооти илмӣ техникӣ ва тадқиқоти техникию иқтисодӣ Маркази миллии патенту иттилооти ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ҳифзи манфиатҳо дар соҳаи моликияти саноатӣ, инчунин ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ихтироъкорӣ дар мамлакат мебошад.

Моҳи январи соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардид. Мутобиқи Декларатсия ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати муҳимтарин шартномаҳои дар соҳаи моликияти саноатӣ, ки Тоҷикистон фаъолияти онҳоро дар қаламрави худ эътироф менамояд ва шаҳрвандони Ҷумҳурӣ метавонанд аз санадҳо ва меъёрҳои дар созишномаи байналмилалӣ пешбинишуда истифода намоянд.

Мутахассисони Маркази миллии патенту иттилоот дар ташкили Идораи патентии Авроосёгӣ ва таҳияи конвенсияи патентии Авруосиё иштирок намуданд. 14 апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Конвенсияи патентии Авруосиё имзо гузошт. Тибқи ин санад Ҷумҳури Тоҷикистон ба Конвенсияи патентии Авруосиё ҳамроҳ гардид.

18 июли соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми кишвари нозири Созмони умумиҷаҳонии савдоро (СУС) гирифт. ҳукумати ҷумҳурӣ азми қатъӣ дорад, ки дар солҳои наздик узви комилҳуқуқи созмони зикршуда гардад. Дар доираҳои барномаҳои давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мавқеи системаи миллии ҳифзи объектҳои моликияти зеҳниро дар ҷараёни шомил гардидани ҷумҳурӣ ба узвияти СУС хуб эҳсос менамоянд. Дар ҳамин иртибот, рушди маъхази қонунгузории соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ яке аз масъалаҳои асосии Марказии миллии патенту иттилоот ба ҳисоб меравад. Дар давоми 18 соли фаъолияти қонунгузории Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММПИ) хеле самарабахш буд.

Мутахассисони мо якҷоя бо мумаизон ва депутатҳои Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаи лоиҳаҳои қонунгузориҳои соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ омода намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Инчунин мутахассисони ММПИ як қатор маводҳои таҳлилию тавзеҳотӣ тайёр карданд, ки барои баррасӣ ва саривақт қабул намудани лоиҳаҳо мусоидат намуданд. Дар айни замон 5 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти саноатӣ мавриди амал қарор доранд: қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» (№ 17 аз 28.02.2004), қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» (№ 16 аз 28.02.2004), қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологии микросхемаҳои интегралӣ» (№ 218 аз 22.12.2006), қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ (№ 234 от 05.03.2007), қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ (№ 236 от 05.03.2007) қабул карда шуданд. Маълум аст, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қабули онҳо аз рӯи тартиби муайян ба мамлакати мо имконият медиҳад, ки ба СУС ворид гардад, балки ба манфиатҳои миллӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҷавобгӯ мебошад. Таъмини ҳифзи бахшҳои саноатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳо аз иштироки ҷумҳуриямон дар созишнома ва шартномаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мусоидат менамояд.

Ду воқеаи муҳим аз таърихи Маркази миллии патенту иттилоот: Дар соли 2003 бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №48 аз 27.01.2003 дар назди Маркази миллии патенту иттилоот Кафедраи «ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» таъсис дода шуд. ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар байни мактабҳои олии кишвар ба кафедраи мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон литсензия таҳти №АУ №0045 аз 27.02.2003 дода шуд.

Дар соли 2006 дар заминаи меморандум байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии ҳиндустон дар назди Маркази миллии патенту иттилоот Маркази технологияи иттилоотии Тоҷикистону ҳиндустон ба номи А.Бедил таъсис ёфта ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он дар баробари вазифаҳои асосии худ ба омӯзиши технологияҳои иттилоотии ҳозиразамон, ба автоматикунонии равандҳои идоракунӣ ва технологияҳои вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти марказ мусоидат хоҳад намуд. ҷамъбасти фаъолияти 19-сола аз теъдоди зиёд гардидани миқдори арзномаҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои ҳафозатӣ шаҳодат медиҳад. Аз соли 1993 то ба имрӯз, ба Маркази миллии патенту иттилоот 1667 арзнома, аз он ҷумла арзномаҳо барои ихтироъ; 985 арзнома барои гирифтани патент ва 692 арзнома барои гирифтани нахустпатент ворид гардидааст. Барои гирифтани патент ба намунаҳои саноатӣ 142 арзнома ворид гардидааст. Миқдори арзномаҳо барои бақайдгирии миллии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ба 11685 адад расида ва бақайдгирии байналмиллалии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ бошад аз 31885 ҳазор адад мебошад.

ҳамин тавр, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи миллии ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ рӯз аз рӯз рушд ёфта истодааст ва дар баробари ин боз бисёр масъалаҳои мураккабе ҳастанд, ки онҳоро иҷро намудан лозим меояд, то ки ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи ҷаҳонии ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ мақоми хоса дошта бошад.

Please publish modules in offcanvas position.