Аломате, ки аз номи объекти ҷуғрофӣ иборат аст ё чунин номро дар бар мегирад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодае маъмул гаштааст, ки он барои ишораи моли намуди муайян истифода мешавад ва бо ҷои истеҳсоли ин мол алоқамандие надорад, ба сифати номи ҷои пайдоиши мол эътироф намешавад.