Ариза бояд инҳоро дар бар гирад:

ариза дар бораи бақайдгирии нишона ба сифати тамғаи молӣ;

нишонаи арзшаванда.

номгӯи молҳое, ки бақайдгирии нишонаи арзшуда нисбат ба онҳо дархост шуда, тибқи ТБМХ гурӯҳбандӣ шудаанд.

шарҳу тавсифи нишонаи арзшаванда.

Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳои зерин илова карда шаванд:

ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти  боҷҳои ҳатмӣ ва корбарӣ;

оинномаи тамғаи коллективӣ, агар дархост барои бақайдгирии тамғаи молии коллективӣ пешниҳод шавад;

ҳуҷҷате, ки ҳуқуқу салоҳияти намояндаи патентиро тасдиқ мекунад, агар дархост ба воситаи намояндаи патентӣ дода шавад.

Санҷиши нишонаи арзшуда (тамғаи молӣ)?

Чиро бояд донист?

 На ҳамаи нишонаҳо ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Барои эътироф  гардидани нишони арзшуда ҳамчун тамғаи молӣ, аз рӯи арзнома санҷиш гузаронида мешавад, ки аз ду зина иборат аст:

Санҷиши расмӣ.

Дар давоми як моҳ аз рӯзи ворид шудани арзнома ба аломати мол гузаронида шуда, дар рафти он мазмуни арзнома, мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ба арзнома замимашаванда, инчунин ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани онҳо тафтиш карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаи санҷиши расмӣ қарори ба баррасӣ қабул шудан ё нашудани арзнома бароварда мешавад.

Санҷиши ифодаи арзшуда.

Санҷиши ифодаи арзшуда баъди анҷоми санҷиши расми гузаронда шуда, дар рафти санҷиш мутобиқати он ба талаботҳои моддаҳои 8 ва 9 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» тафтиш карда мешавад.

Баъди анҷоми санҷиш қарор дар бораи сабт ё рад шудани бақайдгирии он қабул   карда мешавад.

Агар арзномадеҳ дар сурати норозӣ буданаш бо қарор дар бораи рад гардидани бақайдгирии ифодаи арзшуда ҳуқуқ дорад, ки дар давоми се моҳи баъд аз санаи гирифтани қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътирози дахлдорро пешниҳод намояд. Шӯрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати чор моҳи баъд аз санаи ворид шудани он баррасӣ намояд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!