Бақайдгирии тамғаи молӣ дар Идораи патентӣ (минбаъд Идора) ба воситаи тартибдиҳӣ ва пешниҳоди ариза ба МД ММПИ оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ ё тамғаи хизматрасонӣ ба амал бароварда мешавад

Барои бақайдгирии тамғаи молӣ аз кадом марҳилаҳо бояд гузашт?

Бақайдгирии тамғаи молӣ одатан марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Ҷустуҷӯи пешакӣ аз рӯи тамғаҳои молии пешниҳодшуда ва ба қайд гирифташуда;

2. Пешниҳоди ариза барои бақайдгирии тамғаи мол;

3. Экспертизаи расмӣ;

4. Экспертизаи ифодаи арзшуда;

5. Бақайдгирии тамғаи молӣ, нашри маълумот ва додани шаҳодатнома оид ба бақайдгирии он.