Дар забони муоширати ҳаррӯза вожаҳои зиёде истифода бурда мешаванд. Оё ин вожаҳо тамғаи молҳ шуда метавонанд? Бале, метавонанд, ба шарте, ки онҳо нисбат ба молҳои муайян мазмуни махсусро дошта бошанд. Масалан, «apple» (себ) вожаи маъмулу оддӣ аст, вале ҳамзамон ин калима барои компютерҳои «Аpple» ҳамчун тамғаи молӣ хизмат мекунад. Яъне, калимаи оддӣ, агар истеъмолкунанда онро бо нишонаи молҳои муайян алоқаманд намояд, мазмуни брэнди молро соҳиб мешавад. Вожаҳои (калимаҳои) оддӣ, агар онҳо ба таври ғайриоддӣ истифода бурда шаванд, ба сифати тамғаи молӣ ҳифз шуда метавонанд. Бо мақсади фурӯши сӯзишвории дизелӣ вожаи ДИЗЕЛ-ро ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифтан мумкин нест, зеро дар сурати бақайдгирии ин нишона фурӯшандагони дигари сӯзишвории дизелӣ ҳуқуқ надоранд, ки  ин нишонро барои ишораи молашон истифода баранд. Вале вожаи ДИЗЕЛ-ро ба сифати тамғаи молӣ нисбат ба яхмос ба қайд гирифтан мумкин аст. Соҳиби тамғаи молии ДИЗЕЛ, ки дар нисбати яхмос истифода бурда мешавад, дар асоси ҳуқуқи худ ба ин тамғаи молӣ наметавонад ба дигарон истифодаи ин калимаро барои мақсадҳое, ки бо истеҳсоли яхмос вобаста нестанд, манъ намояд.

   Мазмуни нави калима ба соҳиби тамғаи молӣ имконият медиҳад, ки нишон ҳифзи ҳуқуқӣ дошта бошад, вале ҳифзи ҳуқуқӣ ба истифодаи худи ҳамон калима нисбат ба молҳои дигар ё дар забони оддии муошират монеъ шуда наметавонад.