Ихтироъ

   «Ихтироъ кардан» – маънои эҷод кардан ва ё тарҳи чизи наверо ба вуҷуд овардан аст. Ин истилоҳ аз калимаи лотинии «invenire», ки маънои пайдо кардан, кашф намуданро дорад, сарчашма гирифта, маънояш нисбат ба мафхуми «кашф намудан» васеътар аст.

   Мафҳуми ихтироъ дар Қонун дар бораи ихтироъ дода мешавад: ихтироъ – ҳалли нави техникиест, ки имконият медиҳад масъалаҳои мушаххаси истеҳсолот ва соҳаҳои дигари фаъолияти инсон ҳал карда шаванд.

   Умуман, ихтироъ – ин чизи нав, амалан тадбиқшаванда ва то ҳол ноошкори ҷараён, сохтор ё модда мебошад. Ихтироъ инчунин, такмили наву амалан тадбиқшаванда ва то ҳол ноошкори чараён, сохтор ё модда мебошад.