Санҷиши расмӣ

Маводи аризаи ба ММПИ пешниҳодгардида аз ҷиҳати дурустии тартибдиҳии он ва мавҷуд будани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ тафтиш карда мешаванд.

 

Дархост дар бораи гузаронидани санҷиш

Пешниҳоди ариза маънои онро надорад, ки пас аз ин амал санҷиши ариза оғоз меёбад. Шумо бояд дар бораи гузаронидани санҷиш дархости расмӣ дода, боҷи муайян супоред. Ин гуна дархост бояд дар давоми дувоздаҳ моҳи баъди санаи пешниҳоди ариза манзур карда шавад, дар акси ҳол аризаи Шумо бозхондашуда ҳисоб меёбад.

 

Санҷиши моҳиятӣ

Санҷиши моҳиятии ариза омӯзиши аризаро аз нуқтаи назари мувофиқати он ба талаботи Қонун дар бар мегирад.

Патент барои намунаи саноатӣ дар сурате дода мешавад, ки агар он дар муқоиса бо намунаҳои саноатии дастраси умум гардида ё пештар ба Идораи патентӣ арзшуда нав ва аслӣ (оригиналӣ) бошад.

Намунаи саноатӣ ҳамон вакт нав ҳисобида мешавад, ки агар он аз намунаҳои саноатии маълум, гайр аз фарқият дар ҷузъҳои алоҳидаи ноҷиз, фаркиятҳои дигари назаррас дошта бошад Намунаи саноатӣ аслӣ (оригиналӣ) ҳисобида мешавад, агар он танҳо як навъ шаклдигаркунии намунаи саноатии маълум набошад. Оригиналӣ будан маънои онро дорад, ки намунаи саноатиро на ҳар шахси дорои малакаҳои оддӣ дар асоси шакл, нақш, ранг ва ё комбинатсияи ин омилҳо, ки дар соҳаи дахлдори саноат маълуманд, офарида метавонад.

Шуморо дар бораи қароре, ки нисбат ба аризаатон қабул шудааст, ба тариқи хаттӣ хабардор мекунанд (санҷиши ариза тақрибан 2 солро талаб мекунад). Агар талаби додани патент рад шуда бошад, Шумо метавонед ба маводи ариза тағйирот ворид намуда, имконияти додани патентро асоснок кунед. Баъзан санҷишгар аризаи Шуморо рад мекунад, гарчанд баъдтар муайян мешавад, ки офаридаи Шумо патентпазир аст.

Муколамаи байни шумо ва санҷишгар то даме давом ёфта мегавонад, ки санҷишгар ё аризаи Шуморо кабул мекунад ё дар бораи рад шудани талаби додани патент қарори ниҳоӣ мебарорад. Агар Шумо ҳануз ҳам итминон дошта бошед, ки тарроҳии пешниҳоднамудаатон патентпазир аст, метавонед ба Шурои шикоятӣ эътирознома пешниҳод кунед.

 

Қарор дар бораи додани патент ё қарор дар бораи рад шудани додани патент

Агар санҷишгар барои рад кардани ариза далел надошта бошад ё ба эродҳои худ пас аз тағйиру ислоҳоти аризадиҳанда ҷавоби қаноатбахш гирифта бошад, вай дар бораи додани патент қарор қабул мекунад. Дар акси ҳол аризаи пешниҳодшуда рад карда мешавад.