Иттилоот – маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

фаъолияти иттилоотӣ – маҷмӯи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ равона гардидааст;

иттилооти омории давлатӣ иттилооти ҳуҷҷатии расмии давлатиест, ки ба воқеаҳо ва падидаҳои дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳдода тавсифоти миқдорӣ медиҳад;

ҷараёни иттилоотӣ – ҷараёни ҷамъоварӣ, коркард, захиракунонӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ ва паҳн намудани иттилоот;

системаи иттилоотӣ маҷмӯи асноди аз нигоҳи ташкилӣ танзимшуда, ҳаҷми аснод ва технологияи иттилоот, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро татбиқ месозанд;

маҳсулоти иттилоотӣ – натиҷаи моддии фаъолияти иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилоотии шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилот пешбинӣ гардидааст;

технологияи иттилоотӣ – маҷмӯи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва телеиртиботӣ, воситаҳои барномавӣ ва тарзҳои истифодаи онҳо барои дарёфт, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот;

инфраструктураи иттилоотӣ (иттилоотонӣ) – маҷмӯи марказ, асос ва бонки маълумот, системаҳои алоқа ва интиқоли маълумот, сохторҳои дигаре, ки кору фаъолияти шабакаҳои иттилоотиро таъмин мекунанд;

захираҳои иттилоот – иттилооте, ки сарфи назар аз усули пешниҳодот ё ки ташкили нигоҳдориаш (аснод, ҷамъи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, асоси маълумот) барои дохилшавӣ ба системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавҷуд аст;

манбаъи маълумот – маҷмӯи маълумотҳои якҷояшуда, ки барои истифодаи ҳамаҷониба ва таѓйири шакл зарур аст;

бонки маълумот – маҷмӯи воситаҳои барномавӣ, иттилоотӣ ва техникие, ки барои андӯхти мутамарказ, нигоҳдорӣ ва истифодаи коллективонаи маълумот дар бораи соҳаи муайян ва мушаххаси фаъолияти инсон заруранд ва ҳамчунин худи маълумоте, ки дар шакли файл (парвандаи компютерӣ) ё худ манъбаҳои аз ҳам ҷудои маълумот нигоҳ дошта мешаванд;

иттилоотонӣ – таҳия кардан, офаридан, азхуд кардан ва кор фармудани технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои иттилоотӣ; раванде, ки ҷузъҳои ташкилӣ, илмию техникӣ, иxтимоӣ ва истеҳсолию иrтисодӣ ва натиҷаи фаъолиятеро дар бар мегирад, ки мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони ҷудогона, иттиҳодҳои онҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тамоми ҷамъият ба иттилоот бо роҳи ташаккул додан ва истифода кардани захираҳои иттилоот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият;

ҳифзи иттилоот – пешгирии дахолати худсарона ба захираҳои иттилоот, амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми гирифтан, нусхабардорӣ кардан, интишор додан, таҳриф намудан, нобуд сохтан ё банду баст кардани иттилоотро таъмин менамояд.

барнома ва лоиҳаи инноватсионӣ – маҳсули нерӯи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дорои ғояҳои нав буда, бо мақсади татбиқу рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияи муосир таҳия мегарданд;

Парки технологӣ – шахси ҳуқуқӣ ё консорсиум, ки ба маҷмӯи ягонаи моддию техникӣ ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад ва фаъолияти асосии он пешниҳод ва иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ буда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ заруранд;

бизнес-инкубатор – шахси ҳуқуқӣ, ки барои дастгирии субъектҳои хурди соҳибкорӣ дар марҳилаи ташакулли рушди онҳо бо роҳи пешниҳод намудани биноҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, хизматрасонии ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, машваратӣ ва иттилоотӣ ташкил карда мешавад;

инфрасохтори Парки технологӣ – маҷмӯи биноҳои идоравӣ, иншооти истеҳсолӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва иҷтимоии дар ҳудуди Парк ҷойгирбуда, ки аз он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода менамоянд

натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти илмӣ – натиҷаи таҳқиқоти илмие, ки онро дар истеҳсолот ҷорӣ намудан имконпазир аст.

фаъолияти инноватсионӣ – фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи  таҳқиқоти илмӣ,  корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки  ҷамъиятӣ равона карда шудааст;

инноватсия – навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор, хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад;

маҳсулоти инноватсионӣнатиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки дар шакли нави маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, усули истеҳсолот ё натиҷаи дигари барои ҷамъият  самаранокиаш баланд ё натиҷаи интиқоли маҳсулоту хизматрасониҳои мавҷуда, усулҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои дигари фоиданоки ҷамъиятӣ  ифода меёбад;

 лоиҳаи инноватсионӣ – натиҷаи нерӯи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба  истифодаи ғояҳои нав мусоидат намуда, бо мақсади рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир  таҳия мегардад;

сиёсати давлатии инноватсионӣ – фаъолияти мақомоти  давлатӣ, ки ба рушд, танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ, таҳияи механизм ва татбиқи он равона карда шудааст;

 ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ – технопаркҳо, технополисҳо, инкубаторҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, фондҳои венчурӣ, фондҳои инноватсионӣ ва дигар ташкилотҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун инфрасохтори инноватсионӣ эътироф гардидаанд;

стратегияи рушди инноватсионӣ – маҷмӯи тадбирҳои идоракунии давлат, ки асоси онро афзалиятҳои дарозмӯҳлат, мақсад ва вазифаҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд;

фонди инноватсионӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ тавассути  маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инфрасохторӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо дар соҳаи инноватсия мебошад;

фонди венчурӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он ба андӯхтани воситаҳои молиявӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои инноватсионии таваккали  баланддошта ва технологияи аълосифати аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок равона гардидааст

корҳои илмию таҳқиқотӣкорҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани  дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо;

корҳои таҷрибавию конструкторӣмаҷмӯи корҳое, ки ҳангоми омодасозӣ ё навсозии маҳсулот, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ ё технологии намунаҳои таҷрибавӣ, омода намудан ва аз озмоиш гузарондани намунаҳои таҷрибавӣ ва намунаҳои фоиданок анҷом дода мешаванд;

 лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣҳуҷҷатҳое, ки аз мазмуни кори илмию техникӣ иборат буда, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингиро бо асосноккунии мақсаду вазифаҳо, муҳимият, навгонӣ, аҳамияти илмию амалӣ ва мувофиқи мақсад будани иҷрои корҳои банақшагирифта дар бар мегиранд;

натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ –  маҳсули  фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардҳои нав, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт шудааст;

номзади илм, доктори илм – дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шӯроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) пас аз дифои рисолаҳои илмӣ дода мешаванд;

сиёсати давлатӣ оид ба илму техника – интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва дастгирии давлатии онҳо, инчунин низоми ҷорӣ намудани натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҳалқ;

– таҳқиқоти илмӣтаҳқиқоти илмии амалӣ, бунёдӣ, стратегӣ, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар доираи корҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо усулу воситаҳои дахлдори илмӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои  илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегарданд;

таҳқиқоти илмии бунёдӣфаъолияти назариявӣ ва (ё) озмоишӣ, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии рушди табиат, инсон ва ҷамъият равона шудааст;

фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ – фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти

илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи  ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст;

ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи  корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.

иттилооти илмию техникӣ – маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳо ва далелҳое, ки дар натиҷаи фаъолияти илмӣ, илмӣ -техникӣ, инноватсионӣ ва ҷаъмиятӣ ба даст оварда шудаанд;

ҳуҷҷатгузории иттилооти илмӣ-техникӣ – иттилооти илмӣ-техникие, ки дар ҳомили моддӣ сабт карда шудаанд, бо ҷузъи ҳатмии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рамӣ ва имконияти дарёфт кардани онҳо.

захираҳои иттилооти илмӣтехникӣ – иттилооти илмӣ-техникии ҳуҷҷатшудае мебошад, ки он дар фондҳои маълумотдиҳӣ-иттилоотӣ ва манбаъи маълумотии илмӣ-техникӣ ташкил карда шудаанд.

маҳсулоти иттилооти илмӣ-техникӣ – натиҷаи таҷассум гардидаи  фаъолияти иттилооти илмӣ-техникие аст, ки он барои таъмини талаботи иттилоотии истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) иттилооти илмӣ-техникӣ муқаррар гардидааст.

низоми иттилооти илмӣ-техникӣ – маҷмӯи захираҳои батартибдаровардашудаи  иттилооти илмӣ-техникӣ ва воситаҳои ташкилӣ- технологие мебошад, ки барои амалӣ кардани равандҳои таҳия, ҷамъоварӣ, коркард, низомикунонӣ, ҷустуҷӯ ва пешниҳоди иттилооти илмӣ- техникӣ барои қонеъ кардани талаботи давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ равона гардидааст.