Намунаи саноатӣ чист?

   Намунаи саноатӣ – ғоя, офаридаи фикриест, ки молро аз нигоҳи зоҳирӣ ҷолибият мебахшад. Дар ибтидои таърихи асри истеҳсолотӣ, ба намуди зоҳирии маҳсулот эътибор дода намешуд. Тарҳи зоҳирии маҳсулотро танҳо хусусиятҳои истеъмолии он муайян мекарданд. Масалан, намуди зоҳирии мошинҳои аввалини буғӣ хеле зишт буда онҳо ба як тӯдаи бешакли деталҳои механикӣ шабоҳат доштанд.

   Дар ҳоли ҳозир намунаи саноатӣ ҷузъи муҳими маркетинги муваффақиятноки қариб тамоми молҳои истеъмолӣ – аз либосовезаку миксер cap карда, то яхтаҳои бодбонӣ мебошад.

   Патентҳо ба намунаҳои саноатӣ тарҳи оригиналии шакл, нақш ё орнаментро, ки намуди зоҳирии маҳсулотро муайян менамоянд, ҳифз мекунанд.

   Масалан, чойники нав ҳамчун ихтироъ дорои қобилияти патентпазирӣ нест, зеро хусусиятҳои функсионалии он (тана, даста, нӯли чойник) нав нестанд. Вале, агар намуди зоҳирӣ ё шакли чойники нав аз намуди зохирӣ ва шакли чойникҳои мавҷуда фарқ кунад, он гоҳ намуди зохирӣ ва шакли чойники нав метавонад ба воситаи патент ба намунаи саноатӣ ҳифз карда шавад.