Номи ҷои пайдоиши мол – номи кишвар, маҳалли аҳолинишин, маҳал ва ё дигар объекти ҷуғрофӣ буда, барои ишоракунии пайдоиши мол аз он ҷо истифода бурда мешавад, ки хусусиятҳои хоси он танҳо ва ё асосан бо шароитҳои табиии барои ин объекти ҷуғрофӣ хос ва ё дигар омилҳои ба шароитҳои табиҳ ва ин омилҳо мувофиқ, муайян карда мешавад. Номи ҷои пайдоиши мол мумкин аст номи таърихии объекти ҷуғрофӣ бошад.