Тамдид намудани мӯҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ

   Тамдид намудани мӯҳлати амали патент ва ё нахустпатент ба ихтироъ тибқи Қоидаҳои “Тартиби пешниҳод ва баррасии дархост оид ба тамдид кардани муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ”, ки дар асоси муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтироъ” тартиб дода шуда, бо фармоиши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 13.03.2019 №22 тасдиқ карда шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13.05.2019 таҳти №971 ба қайд гирифта шудааст, амалӣ карда мешавад.

   Муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ пас аз гузаштани 20 сол барои патент ба ихтироъ  ва ё 10 сол барои Нахустпатент муқаррарнамудаи Қонун танҳо ба ихтирооти марбут ба маводи доруворӣ, пеститсидҳо ва моддаҳои кимиёвии кишоварзӣ (агрокимиёҳо) бо дархости дорандаи он аз ҷониби Идораи патентӣ ба муҳлати на зиёда аз панҷ соли дигар тамдид карда мешавад.

   Барои тамдид намудани муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ тибқи меъёрҳои амалкунанда, боҷи давлатӣ  ва маблағи корбарӣ  пардохт карда мешавад.

 

Бо фармоиши

Вазорати рушди  иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 марти соли 2019, №22  

тасдиқ шудааст

 

ТАРТИБИ

пешниҳод ва баррасии дархост оид ба тамдид кардани

муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ

 

1. Тартиби пешниҳод ва баррасии дархост оид ба тамдид кардани муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ (минбаъд – Тартиб) дар асоси моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» таҳия гардида, муносибатҳоро оид ба тамдид намудани муҳлати амали ҳуҷҷатҳои муҳофизатии ба ихтироъҳои ба маводҳои доруворӣ, пеститсидҳо ва моддаҳои кимиёвии кишоварзӣ (агрокимиёҳо) дахл дошта танзим менамояд.

2.  Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

хабарномаи расмии «Навиди патентӣ» – нашрияи расмии даврӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ;

Идораи патентӣ – Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

шаҳодатнома – ҳуҷҷати бақайдгирии маводи доруворӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад;

шаҳодатнома – ҳуҷҷати тасдиқкунандае, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дода мешавад;

бо муносибат ба маводи доруворӣ – мақоми давлатие, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ, таълимоти тиббӣ ва фармасевтӣ, гардиши маводҳои доруворӣ, маводҳои таъиноти тиббӣ ва техникаи тиббӣ, назорати сифати хизматҳои тиббӣ роҳбариро анҷом медиҳанд;

бо муносибат ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳо – мақоми давлатие, ки роҳбариро оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи растаниҳо ба роҳ монда, инчунин ҳамоҳангосозии байнисоҳавиро дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳад;

маводи доруворӣ – маводест, ки барои пешгирӣ, ташхис, муолиҷаи бемориҳо, пешгирии ҳомиладорӣ истифода шуда, аз хун ва ҷиблаи (плазма) он, инчунин аз узву бофтаҳои бадани инсон ё ҳайвон, растаниҳо, маъданҳо бо роҳи тавлиф (синтез) ё бо истифодаи усулҳои биологӣ (биотехнология) ҳосил карда шудааст. Ба қатори маводи доруворӣ, маводи аз наботот, ҳайвонот ё бо роҳи сунъӣ ҳосилшудаи хосияти шифоидошта, инчунин иловагиҳои фаъоли биологӣ ва ороишии хусусияти табобатию пешгирӣ дошта дохил мешаванд, ки барои коркард ва истеҳсоли доруҳо таъин гардидаанд;

пеститсидҳо – моддаҳои кимиёвӣ ё биологӣ мебошанд, ки барои мубориза бар зидди организмҳои зараррасон (касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо, ки сабабгори талафи маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳ, пайдоиши паразитҳо, паҳнкунандагони бемориҳои одам ва ҳайвонот мебошанд), инчунин барои пеш аз ғунучин резонидани барги растанӣ (дефолиантҳо) ва ё пурра хушконидани растанӣ (десикантҳо), барои дурсозӣ, ҷалбкунӣ ва тамъизкунии ҳашаротҳо таъин гардидаанд;

агрокимиёҳо – нуриҳо, мелиорантҳои (ғизодоруҳои) кимиёвӣ, иловаҳои ғизоӣ, ки барои сабзишу инкишофи растанӣ, танзими ҳосилхезии хок ва хӯроки чорво заруранд;

ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ – патентҳо ва нахустпатентҳое, ки барои ихтироъ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» дода мешаванд.

3.   Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» мӯҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ, ки ба маводи доруворӣ, пеститсидҳо ва ё моддаҳои кимиёвии кишоварзӣ (агрокимиёҳо) дахл дорад ва ҷиҳати истифодабарии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бақайдгирии маводи дорувории мақомоти дахлдор талаб карда мешавад, бо дархости дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби Идораи патентӣ тамдид карда мешавад, агар аз рӯзи пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ то гирифтани шаҳодатномаи мазкур зиёда аз чор сол гузашта бошад.

Муҳлати мазкур ба давраи аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ то рӯзи гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ барои истифодаи маҳсулот, бо кам кардани чор сол, вале на зиёда аз панҷ сол тамдид карда мешавад.

4.  Ихтироъ ба маводи доруворӣ, пеститсид ва ё агрокимиёҳо тааллуқ дорад, агар дар формулаи ихтироъ ба намуди композитсия, пайвастагӣ ё гуруҳи пайвастагиҳои тавсифкунандаи формулаи умумии таркибӣ тавсиф шуда бошад ва аз тавсифномаи ихтироъ истифодабарии он ба сифати ингредиенти фаъоли маводи доруворӣ, пеститсид ва агрокимиёҳо маълум бошад.

5.   Дархост, ки намунаи он дар замимаи 1 Тартиби мазкур овардашуда, дар давраи амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ то баанҷомрасии муҳлати шашмоҳа аз рӯзи гирифтани шаҳодатнома барои истифодабарии ихтироъ ё санаи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ пешниҳод карда мешавад, бо вобастагӣ аз он, ки кадоме аз ин муҳлатҳо баъдтар ба охир мерасад.

6.   Дархост бо забони давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Ба дархости бо забони хориҷӣ пешниҳодшуда тарҷумаи он бо забони давлатӣ замима карда мешавад.

7.   Барои нигоҳдории санаи пешниҳоди ариза, ки тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» муқаррар шудааст, тарҷумаи ҳуҷҷатҳои ариза, ки бо дигар забон пешниҳод шудаанд, бояд дар давоми се моҳ аз рӯзи воридшавӣ ба дигар забон ба Идораи патентӣ пешниҳод карда шаванд.

8.   Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда, пешниҳод накардани тарҷума дархост пешниҳоднашуда ҳисобида мешавад.

9.   Дархост аз ҷониби дорандаи патент (агар дорандаи патент гуруҳи шахсон бошанд, дархост аз ҷониби ҳамаи онҳо имзо карда мешавад) ё намояндаи патентӣ ва ё намояндаи дигари ба ин кор ваколатдоштаи дорандаи патент, ки дар асоси боваринома амал мекунад, имзо карда мешавад. Ҳангоми бевосита пешниҳод шудани дархост аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ, имзо бо муҳр тасдиқ карда мешавад.

10.  Дархост дар бланки намунавӣ мутобиқи замима ба Тартиби мазкур пешниҳод шуда, бояд маълумотҳои зеринро дарбар гирад:

– ному насаб (дар ҳолати аз ҷониби шахси веқеӣ пешниҳод шудан) ва суроғаи ҷои зисти аризадиҳанда ё номи расмӣ (дар ҳолати аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ пешниҳод шудан) ва суроғаи ҳуқуқии аризадиҳанда;

– рақами ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ;

– номи маҳсулоти фармасевтӣ/пеститсид ва ё агрокимиё.

11.   Ба дархост ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

– нусхаи тасдиқшудаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ;

– нусхаи ҳуҷҷатҳои расмие, ки маълумотҳо оид ба маводи доруворӣ, пеститсид ё агрокимиёҳоро дар бар гирифта барои истифодабариашон шаҳодатномаи аввалини бақайдгирӣ аз мақоми ваколатдор дода шудааст ва имкон медиҳанд, ки ихтирои дар банди новобастаи формулаи ихтироъ тавсифшуда ба маводи доруворӣ, пеститсид ё агрокимиёҳо мансуб дониста шавад;

– нусхаи тавсифномаи ихтирое, ки нисбати он тамдид кардани муҳлати амали ҳуқуқи истисноӣ дархост карда мешавад ва тасдиқи он, ки ҳали нишондодашуда нисбати ихтироъ ва тавзеҳҳо аввалин буда, аз он бармеояд, ки маводи дорувории нишондодашуда, пеститсид ё агрокимиё дар банди дахлдори мустақили формулаи ихтироъ тавсиф шудааст;

– бовариномаи ба таври зарурӣ ба расмият даровардашуда (дар ҳолати пешбурди корҳо бо воситаи намояндаи патентӣ ё намояндаи дигари ба ин кор ваколатдоштаи дорандаи патент).

12.  Дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда дар муҳлати як моҳ аз санаи воридшавӣ ба Идораи патенӣ баррасӣ карда мешаванд.

13.   Муҳлати баррасии дархосте, ки бо забони хориҷӣ пешниҳод шудааст аз санаи воридшавии тарҷумаи он бо забони давлатӣ ҳисоб карда мешавад.

14.   Дар муҳлати як моҳ аз санаи пешниҳоди дархост Идораи патентӣ санҷиши зеринро мегузаронад:

– риояи шартҳои пешниҳоди дархост;

– мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои талабшаванда ва мувофиқати онҳо ба талаботҳои бо Тартиби мазкур муқарраршуда;

– тасдиқи ҳифзпазирии ихтироъ тибқи ҳуҷҷати муҳофизатии амалкунанда.

15.   Баррасии дархост, санҷиши имконпазирии ба маводи доруворӣ, пеститсид ва агрокимиёҳо мансуб донистани ихтироеро дар бар мегирад, ки дар банди новобастаи формулаи ихтирои ҳуҷҷати муҳофизатии баррасишаванда тавсиф шудааст ва барои истифодабариаш шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ гирифта шудааст.

16.   Тафтиши имконпазирии ба маводи доруворӣ, пеститсид ва агрокимиёҳо мансуб донистани ихтирое, ки ба намуди пайвастагӣ (гуруҳи пайвастагиҳои бо формулаи умумии таркибӣ тавсифшуда) тавсиф шудааст, аз муқоисаи пайвастагии дар банди новобастаи формулаи ихтироъ тавсифшуда бо ингредиентҳои фаъоли маводи доруворӣ, пеститсиди ё агрокимиёҳои дар шаҳодатнома нишондодашуда иборат аст. Бо вуҷуди ин, санҷида мешавад, ки оё тавсифномаи ихтироъ чунин иттилоотеро дар бар мегирад, ки тибқи он пайвастагӣ дорои чунин фаъолнокие мебошад, ки имкони истифодабариашро дар маводи доруворӣ, пеститсид ва агрокимиёҳо медиҳад.

17.   Ихтирои баррасишаванда ба маводи доруворӣ, пеститсид ё агрокимиёҳои дар шаҳодатномаи мазкур нишондодашуда мансуб дониста мешавад, агар пайвастагӣ ингредиенти фаъоли чунин маводи доруворӣ, пеститсид ё агрокимиёҳо бошад ва тавсифномаи ихтироъ иттилооти мувофиқро дар бар мегирад.

18.   Тафтиши имконпазирии ба маводи доруворӣ, пеститсид ё агрокимиёҳо мансуб донистани ихтирои ба намуди композитсия тавсифшуда, ки барои истифодабариаш шаҳодатномаи мазкур гирифта шудааст аз муқоисаи тавсифи композитсияи патентнокшуда ва тавсифоти композитсияи маводи доруворӣ, пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар шаҳодатнома (таъинот, таркиб, шакли дар формулаи ихтироъ овардашуда ва ё аз таркиби композитсия бармеомада) нишондодашуда иборат аст.

19.   Ихтирои баррасишаванда ба маводи доруворӣ, пеститсид ё агрокимиёҳо мансуб дониста мешавад, агар банди новобастаи формулаи ихтироъ тавсифотҳоеро дар бар гирад, ки дар шаҳодатномаи маводи доруворӣ, пеститсид ё агрокимиёҳо нишон додашудаанд.

20.  Тамдиди муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатие, ки ба гуруҳи ихтироъҳо дода шуда, ҳам пайвастагӣ ва ҳам композитсияи маводи доруворӣ, пеститсиди ё агрокимиёҳои дорои пайвастагиро дар бар мегирад, мутобиқи банди 15 Тартиби мазкур анҷом дода шуда, нисбати ҳар як ихтирои гуруҳ тибқи бандҳои 16 ва 18 Тартиби мазкур гузаронида мешавад.

21.   Ҳангоми риояи шартҳои пешниҳоди дархост, ки дар бандҳои 5 – 7, 9 – 11 Тартиби мазкур оварда шудаанд, амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба муҳлате дароз карда мешавад, ки тибқи банди 5 Тартиби мазкур ҳисоб карда мешавад.

22.   Маълумотҳо оид ба тамдиди муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ ба Феҳристи давлатӣ ворид карда шуда, бетаъхир дар хабарномаи расмии «Навиди патентӣ» нашр карда мешавад. Дар баробари нашри расмии маълумотҳо ба соҳибҳуқуқ замима ба ҳуҷҷати муҳофизатӣ тибқи замимаи 2 ба Тартиби мазкур, равон карда мешавад.

23.   Ҳангоми мавҷуд набудан ё ин ки нодуруст тартиб дода шудани ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 5, 7, 9, 10 ва 11 Тартиби мазкур овардашуда, ба дорандаи патент дархост пешниҳод карда мешавад, ки дар муҳлати семоҳа аз санаи фиристодани он маводҳои мавҷуд набуда ё ҳуҷҷатҳои ислоҳшударо пешниҳод намояд.

24.  Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод накардани ҷавоб ба дархости дар банди ва 23 Тартиби мазкур овардашуда, инчунин ҳангоми мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботҳои бандҳои 17 ва 19 дархост қонеъ карда нашуда, муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ тамдид карда намешавад, ки дар ин бора ба дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ огоҳинома, тибқи замимаи 3 ба Тартиби мазкур равон карда мешавад.

Замимаҳо