Тамғаи молӣ чист?

   Тамғаи молӣ – нишонаест, ки барои фарқ кардани мол ё хизматҳои як итеҳсолкунанда аз мол ва хизматҳои истеҳсолкунандаи дигар истифода бурда мешавад. Ин нишона метавонад унсурҳои зеринро дар бар гирад:

ВОЖА, РАҚАМ, САДО, ШИОР, БОРПЕЧ, БӮЙ, ҲАРФ, ШАКЛ, ЛОГОТИП, ТАСВИР

   Шакли ҷолиби зарф, садои хотирмон дар реклама ва ҳатто бӯй метавонад ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифта шавад.

   Ҳамин тавр, тамғаи молӣ – ҳар гуна нишонаест, ки ба сарчашмаи мол ё хизмат ё робитаи корӣ (дар сурати истеҳсоли мол дар филиалҳо ё дар асоси иҷозатнома) ишора мекунад.

 

 

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!