Фаъолияти Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентӣ  ба амалигардонӣ ва такмили корҳо оид ба бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатии корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ, натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, захираҳои иттилоотӣ, дастхатҳои баамонатгузорӣ,  лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ, мониторинги ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоотӣ нигаронида шудааст.

Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосии Раёсат инҳо мебошанд:

  • ташкил намудани низоми миллии иттилооти илмӣ – техникӣ;
  • ташаккули захираҳои иттилооти миллӣ дар соҳаҳои илму техника ва таъмини дастраси умум гардидани онҳо;
  • паҳн намудани маълумот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
  • омода ва нашр намудани маҳсулоти иттилоотӣ ва расонидани хизматҳое, ки барои қонеъ гардонидани талаботи иттилоотӣ равона шудаанд;
  • гузаронидани чорабиниҳо оиди такмили ихтисос ва аттестатсияи мутахассисон;
  • омӯхтани таҷрибаҳои байналмилалӣ ва рафти рушди системаи иттилоотии илмию техникӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ;
  • тайёр ва пешниҳод намудани маводҳои таҳлилӣ, ки иқтидори илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд;
  • бунёд намудан ва амалӣ намудани низоми ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва паҳн намудани иттилооти илмию техникии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вучуд омада;
  • ташкил намудани захираҳои иттилоотӣ, хазинаҳо ва манъбаҳои маълумотӣ;
  • иштирок намудан дар рушди ҷараёнҳои иттилоотӣ;
  • сохтани Феҳристи давлатӣ ва бурдани феҳристи захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таъмин намудани алоқамандии ташкилот ва муассисаҳо оид ба ирсол намудани дастовардҳои илмию техникӣ бо мақсадҳои минъбад истифодабарӣ;
  • ташкил намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи иттилооти илмӣ- техникӣ ва патентӣ;
  • сохтан ва пеш бурдани низоми иттилоотии илмӣ-техникӣ ва патентӣ;
  • таъмин намудани ҳифзи манбаъҳои маълумотӣ;

 

Манбаъҳои маълумотӣ.

  • Манбаи маълумотии «Рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ»;
  • Манбаи маълумотии «Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ»;
  • Манбаи маълумотии «Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ- конструкторӣ»;
  • Манбаи маълумотии «Баамонатгузории дастнависҳои корҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Манбаи маълумотии «Захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Манбаи маълумотии «Кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон».