Номи ҷои пайдоиши мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бақайдгирии давлатии он тибқи тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ё дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди ҳифзи ҳуқуқӣ қарор мегирад.

Номи ҷои пайдоиши мол метавонад ба номи як ё якчанд шахси воқеҳ ё ҳуқуқҳ ба қайд гирифта шавад. Шахсе, ки номи ҷои пайдоиши молро қайд кардааст, ҳуқуқи истифода бурдани онро соҳиб мешавад, ба шарте ки, моли истеҳсолшаванда ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавобгӯ бошад.

Ҳуҳуқи истифода бурдани худи ҳамон номи ҷои пайдоиши молро ба ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди худи ҳамон объекти ҷуғрофӣ моли дорои айнан ҳамон хосиятҳои асосиро истеҳсол менамояд, додан мумкин аст.

Бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол бемӯҳлат эътибор дорад.