Санаи 26 августи соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Муассиса бо машваратчиёни Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) баргузор гардид.

   Вохурӣ тибқи дархости Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), бо мақсади коркарди ҷузъии Лоиҳа оид ба таъсисдиҳии Бизнес-инкубатор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда, аз ҷониби Агентии мазкур мушовир оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Наоми Абе, Директори Маркази ҳамкориҳои минтақавии маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ Профессор – Хироши Ниино ва Роҳбари гурӯҳи машваратии байналмилалӣ – Шиничи Мори ширкат доштанд.

   Дар вохурӣ ҷониби JICA оид ба ҳолати моликияти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ҳифзи ҳуқуқии онҳо маълумот дархост намуданд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Муассиса нисбати ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ ва дигар объектҳои моликияти саноатӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!