Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зиддиэпидемиологӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои расмӣ, ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ муваққатан манъ карда шудааст.

Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» ҷамъомади оммавӣ буда, чорабиниҳои гуногунро дар бар мегирад, ки дар ҳолати паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ташкили Озмун-Фестивали мазкур ба мақсад мувофиқ намебошад.

Бинобар ин, бо мақсади ҳифзи солимӣ ва бехатарии иштирокчиён аз хавфи гирифтор шудан ба бемории сироятии COVID-19 дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» ба соли 2021 гузаронида шудааст.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!