Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассиса, бахшида ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Парчами миллӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мунтазам мушоҳида мегардад. Эҳтиром гузоштан нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандаст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

   Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ дар Рӯзи парчами миллӣ қайд намуданд: «Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст. Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он мебошад. Ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеияш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд».
   Ҷаласаро Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо ифтитоҳ намуда, тамоми кормандони Муассисаро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумхурии Точикистон табрику шодбош гуфта, изҳор намуданд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ, истиқлолияти ватан, ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!