Санаи 26 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Ширкати “Антиплагиат”-и Федератситяи Россия тариқи фосилавӣ  (ройгон) семинар дар дар мавзӯӣ “Низоми “Antiplagiat” ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуд.

Дар кори семинари фосилавӣ мутахассисони вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ва мутахассиони Идораи патентӣ ширкат намуданд.

Иштирокчиёни семинари фосилавӣ мушкилиҳои ҷойдоштаро дар раванди истифодабарии барномаи беназирии матнҳо “Antiplagiat” ва роҳҳои ҳалли онро  ҳангоми санҷиши маводҳои матнӣ муҳокима намуда, таҷрибаи истифодаи низоми мазкурро мубодила карданд.

Ҳамзамон мутахассисони ширкати Antiplagiat  дар бораи фаъолияти нави системаи Antiplagiat, дурнамои рушд ва методологияи истифодаи он баромад намуда ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.

Дар фарҷоми  семинари фосилавӣ тариқи электронӣ ба иштирокчиён “Сертификат” тақдим карда шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!