Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур ихтироъкорони соҳаи тиб ва соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои ҳадафи чоруми миллии кишвар, саноатикунонии босуръат, алоқамандии илм ба истеҳсолот ва ҳавасмандии ихтироъкорон мебошад.

Дар ҳамоиши мазкур 8 нафар ихтироъкорони барҷаста аз қабили Аҳмадзода Саидилҳом, Раҳмонов Раҳмон, Шоев Манучеҳр , Самандаров Насрулло, Раҳимова Робия, Муминов Абдулло, Зубайдова Тоҷиниссо ва  Шамсуддинов Шабон тавассути рӯнамоҳо дар бораи ихтироъҳои офарида ва ҳифз намудаи худ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!