Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорон, аспирантон ва унвонҷӯёни ҷавони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон курси кӯтоҳмӯҳлати таълимӣ дар мавзӯи «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» баргузор намуд.

Курси мазкур барои такмили дониши омӯзгорони Донишгоҳ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, патентшиносӣ, қоидаҳо ва тартиби пешниҳоди аризаҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ (Патент ба ихтироъ ва намунаҳои саноатӣ, Шаҳодатнома ба тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ва ишораҳои ҷуғрофӣ), дигар масъалаҳои марбут ба объектҳои зикршуда равона шудааст.

Ҳамчунин курси кӯтоҳмӯҳлати таълимӣ барои намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар фарҷоми курсҳои кӯтоҳмӯҳлати таълимӣ ба шунавандагон Сертифкат тақдим карда шудаанд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!