Имрӯз санаи 16 декабри соли 2020 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, ки  дар ҷаласаи мазкур Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёӣ аз 9 сентябри соли 1994 тасдиқ гардид.

Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба имзо расидааст, ҷиҳати таъмини манфиатҳои мутақобилан судманд ва ҳамкориҳо дар соҳаи рушди моликияти саноатӣ, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Конвенсия мусоидат менамояд.

Протоколи мазкур низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатиро муқаррар намуда, ба аризадиҳандагон имконияти бо як ариза сабт намудани намунаҳои саноатии худро дар ҳудуди давлатҳо-аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ фароҳам меорад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!