15 декабри соли 2020 ҷаласаи 27-уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ байнидавлатӣ оид ба иттилооти илмӣ-техникӣ (ШҲБИИТ)дар дафтари Кумитаи Иҷроияи ИДМ дар шаҳри Москва тавассути видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони давлатҳо аъзои ШҲБИИТ Ҷумҳуриҳои  Арманистон, Белорус, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова, Федератсияи Россия намояндаи Кумитаи Иҷроияи ИДМ, намояндаҳои ташкилоти пойгоҳии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба мубодилаи байнидавлатии иттилооти илмӣ-техникӣ Институти умумиросиягии иттилооти илмӣ ва техникии Академияи илмҳои Россия ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон – Солеҳзода Суҳроб Ҳаким ва муовини сардори Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассисаи мазкур – Миралиев Киёмиддин Хурсандович ширкат варзиданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳи намояндаи Кумитаи Иҷроияи ИДМ Мансуров Тимур Тиллоевич кушод.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи иттилооти илмӣ-техникӣ дар қаламрави ИДМ баррасӣ шуданд, аз ҷумла:

    • пешниҳодҳо оид ба рафъи оқибатҳои манфии пандемияи COVID -19 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ;
    • дар бораи вазъи корҳои соҳаи иттилооти илмӣ-техникӣ давлатҳои иштирокчиёни ИДМ – аъзои ШҲБИИ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии марҳилаи сеюми (2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 дар соҳаи иттилооти илмӣ-техникӣ;
    • дар бораи татбиқӣ Консепсияи таъсиси бонки патентҳо ва инноватсияи ИДМ, ки бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо аз 31 майи соли 2013 тасдиқ шудааст;
    • дар бораи вазъи ВЕБ-шабакаи ШҲБИИ ва ҳолати портали ИДМ “Иттилоот дар бораи фаъолияти инноватсионии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ.”

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!