5 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба 3 занҳои ихтироъкори ҷумҳурӣ Зоидова Муътабар – ходими илмӣ, химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ, Мухтарова Парвина – ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ва Маҳмудова Тахмина – Муовини декан оид ба илм ва донишҷӯёни шартномавии факултети «Нақлиёт»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, ки дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE – 2020» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд, баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки Намоишгоҳ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ санаи 23 то 25-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардида аз 17 кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 441 нафар (230 ихтироъҳо) бону-ихтироъкор иштирок намуданд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020, №1445 эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодӣ ва масъулиятнокеро ба миён овард, ки ғолиб баромадани бонувон-ихтироъкорон натиҷаи самаранокии он ба ҳисоб меравад.

Инчунин Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибони Намоишгоҳро табрик ва ҳавасмандгардонӣ намуда, барои аз бар намудани илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ даъват ба амал овард.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!