Бахшида ба «Рӯзи китоб»- 4 сентябр бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникӣ санаи 30-юми декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2020» баргузор гардид.

Мақсади асосии озмун  баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.Озмун аз моҳи март эълон гардида, санаи 20 августи соли 2020 ба анҷом расид.

Иштирокчиёни Озмун ба воситаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда шуданд.

Ба унвонии Кумитаи тадорукоти Озмун аз рӯи 3 номинатсия «Китобхонаи сол» 23 ҳуҷҷат, «Китобдори сол»33 ҳуҷҷат ва «Китобхонаи шахсии сол» 7 ҳуҷҷат ворид гардид.

Тибқи қарори ҳакамони Озмун дар номинатсияҳои дахлдор иштирокчиён бо ҷоизаҳо ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!