Санаи 3 феврали соли 2021 байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД ММПИ) ва Хадамоти федералии моликияти зеҳнӣ (Роспатент), ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 2019 №349, дар хусуси Ёддошти тафоҳум дар бораи дастрасӣ ба системаи иттилооти ҷустуҷӯи патентии PatSearch, ба имзо расид. Ҳуҷҷатро директори МД ММПИ Мирзо Исмоилзода ва роҳбари Роспатент Григорий Ивлиев ба имзо расониданд.
 
Дар асоси Ёддошти тафоҳум, мутахассисони МД ММПИ ба системаи идоравии Роспатент дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ба ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳои муҳофизати ба ихтироот ва моделҳои судманди кишварҳои камтарини РСТ, кишварҳои ИДМ, СУМЗ, ЭПО, АРИПО ва OAPI имконият медиҳад.
 
Дар оянда Ёддошти тафоҳум заминаи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниидоравӣ дар соҳаи мазкур хоҳад шуд. Баимзорасии ҳуҷҷат ба ҳамбастагии таҷрибаи экспертизаи ду идора, рушди ҳамкории мутахассисон ва афзоиши дастрасии маълумоти патентӣ мусоидат хоҳад кард.
 
Барои маълумот: системаи ҷустуҷӯи патентии PatSearch ҳамчун системаи ҷустуҷӯи касбии мутахассисони тобеи Роспатент “Институти федералии моликияти саноатӣ” сохта шудааст. Система дорои маҷмӯи васеи имкониятҳои функсионалӣ ва хидматрасонӣ мебошад.
 
Дастрасии коршиносон ба система имконияти ҷустуҷӯи мустақили иттилоотии касбиро фароҳам меорад. Инчунин, тавассути системаи PatSearch, дастрасӣ ба манбаҳои маълумотии махсуси берунӣ таъмин карда мешавад.
Ҷустуҷӯи адабиётҳои ғайрипатентӣ тавассути дастрасии дохилӣ ба китобхонаи электронии рақамии берунии E-Library ва дар ҷаҳон бузургтарин манбаҳои маълумотии адабиёти илмӣ-техникии Scopus амалӣ карда мешавад. Дар низоми PatSearch, ҷустуҷӯи беруна барои адабиётҳои ғайрипатентӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯи пайдарпайи генетикии вебсайти Институти Биоинформатикаи Аврупо (European Bioinformatics Institute) дастрас мебошад.
Таъмини дастрасии PatSearch ба ҳамгироии фазои иттилооти патентии идораҳои моликияти зеҳнии минтақаи Авруосиё мусоидат менамояд. Чунин ҳуҷҷатҳо қаблан бо Идораи патентии Авруосиёгӣ (EAPO), бо идораҳои патентии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова ба имзо расидаанд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!