Санаи 12 апрели соли ҷорӣ, нишасти навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии лоиҳаи CISPATENT оид ба маводхои патентию  иттилоотии минтақавии ИДМ ба таври фосилавӣ баргузор гардид.

Дар кори Шӯро намояндагони идораҳои патентии ҷумҳуриҳои: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва намояндагони Идораи патентии Авруосиёгии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ (ИПАО ТПАО) ширкат варзиданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни нишаст ҳисоботи корҳои иҷрошуда дар соли 2020 шунида шуда, ҳамзамон сметаи хароҷотҳои лоиҳа барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!