Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Русия – «Роспатент» дар якҷояги бо Маркази байналмилалии илмӣ ва таълимии “Кафедраи ЮНЕСКО оид ба ҳуқуқӣ муаллиф, ҳуқуқҳои вобаста ба он ва фарҳангию   иттилоот-и “ Донишгоҳи миллии тадқиқоти «Мактаби олии иқтисодӣ», санаи 14 апрели соли 2021,   конфронс дар мавзӯи «Мушкилотҳои ҳуқуқи муаллиф дар соҳаи моликияти саноатӣ »-ро, тариқи маҷозӣ (фосилавӣ) баргузор намуданд.

Конфронсро Роҳбари Роспатент Ивлиев Григорий Петрович ва Раиси Шӯрои Федератсияи Россия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова бо сухани ифтитоҳӣ кушоданд. Дигар мутахассисони соҳа бо маърузаҳо баромад намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти конфронс, Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек вобаста ба мушкилоти ҷории ҳамоҳангсозии ҳуқуқи муаллиф, инчунин масъалаҳои амалияи ҳуқуқӣ вобаста ба асарҳои илмӣ, адабиёт, санъат ва моликияти саноатӣ баромад намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!