Санаи 20 апрели соли ҷорӣ, бо иштироки роҳбарият, кулли кормандони Муассиса,  инчунин муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Қудратов ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Муассиса дар семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек оғоз намуда, вобаста ба фаъолияти семоҳаи аввал барои пешниҳоди маърӯза суханро ба Муовини аввали  Директор Вализода Шавқат Шаробуддин доданд.

Тибқи маърӯзаи пешниҳодгардида, маълум гардид, ки дар семоҳаи соли 2021 ба Муассиса 1 ариза барои гирифтани патенти Авруосиёгӣ, 27 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ва 5  ариза барои гирифтани патент ба ихтироъ ворид гардидааст.

Шумораи патентҳои авруосиёгӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра эътибор доранд, 6527 ададро ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи бақайдгирии байналмилалии низоми Гаага бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ариза ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ аз давраи ҳамроҳшавӣ ба низоми Гаага, 797 ариза бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки аз ин миқдор 574 адади он ба қайд гирифта шудааст.

Дар семоҳаи соли ҷорӣ барои ба қайд гирифтани тамғаҳои молӣ ба Муассиса 136 ариза ворид шудааст, ки аз онҳо 67 ариза ба аризадиҳандагони миллӣ ва 69 ариза ба аризадиҳандагони хориҷӣ тааллуқ дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ, ба Муассиса 637 дархости байналмилалӣ барои бақайдгирӣ ворид шудааст. Аз санҷиши нишони арзшуда 709 дархост гузаштааст. Аз нишондоди мазкур 452 дархост пурра ба қайд гирифта шуда, 70 дархост бо дискламатсия, 46 дархост қисман ба қайд гирифта шудаанд ва 141 дархост пурра рад шудаанд.

Дар семоҳаи соли ҷорӣ аз ҷониби Муассиса 162  рисолаҳои илмии олимон (136 рисолаи номзадӣ, 12 рисолаи докторӣ, 14 рисолаи доктории Phd), ба қайд гирифта шудааст. 

Дар давраи ҳисоботӣ, хазинаи Китобхона бо 27492 нусха пурра гардонида шуд. Хазинаи Китобхона дар айни замон, зиёда аз 15492161 нусхаро дар бар мегирад, ки аз ин миқдор 7843 ададро дискҳои оптикии дорои ҳуҷҷатҳои патентӣ ташкил медиҳад.

Инчунин қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, ба Муассиса 1940 ҳуҷҷат, аз вазорату идораҳо ворид гардид, ки нисбат ба ҳамаи онҳо мактубҳои ҷавобӣ ва хулосаҳои зарурӣ дар маҷмуъ 1576 ҳуҷҷат ирсол гардидааст.

Дар рафти ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои ичтимоӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Қудратов суханронӣ намуда, дар маҷмуъ фаъолияти семоҳаи Муассисаро бо назардошти дастовардҳо, мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Директори Муассиса Мирзо Исмоилзода дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи натиҷаи бадастомада ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳоро ба кулли кормандони Муассиса барои пешдасти кор намудан, манзур намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!