Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати  ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки ҳамасола санаи 26-уми апрел ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, инчунин роҳбарият ва кормандони Муассиса доир гардид.

 Чорабиниро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. ифтитоҳ намуда, кормандони Муассиса  ва  радифи онҳо, кулли ихтироъкорону навоварон, адибону рассомон, санъаткорону нависандагон ва умуман  ҳамаи онҳоеро, ки дар рушди моликияти зеҳнӣ саҳмгузор ҳастанд, ба муносибати “Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон”  ва “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” табрику таҳният гуфта, тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори хушу хонаи ободро таманно намуд.

 Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) моҳи сентябри соли 2000-ум, Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳни таъсис дода шуд, ва аз соли 2001 инҷониб ҳамасола 26 апрел дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Ҳамасола таҷлили Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ  аз ҷониби СУМЗ ба ягон мавзуъ бахшида мешавад. Имсола мавзуъи Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ “Рушди босуръати тиҷорати хурдро дастгирӣ мекунем” унвон гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз роҳҳои  рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро, рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа таъқид намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ қайд гардид, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, ширкатҳои хусусӣ, олимону ихтироъкорон бояд мунтазам бо роҳи татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфиёту ихтирооти нав анҷом дода, усулҳои инноватсионии техника ва технологияҳои муосирро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ намоянд.                

Дар фарҷомӣ чорабинӣ, як қатор кормандони Муассиса, ба муносибати  Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!