Санаи 18-21-уми майи соли 2021 дар донишгоҳҳои технологии Тоҷикистон, молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ семинар – машваратҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён, унвонҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳо баргузор гардид.

Аз ҷумла, дар семинар – машваратҳо самти ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, навоварию ихтироъкорӣ, тамғаҳои молӣ ва хизматрасонӣ, инчунин ҳуқуқ ба дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ  якҷо бо омӯзгорон ва донишҷӯён мавриди муҳокима қарор гирифта, бо иштирокчиён суҳбати озод доир гардид.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!