Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона, ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои нақшаи баргузории семинар-машваратҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои «Асосҳои моликияти зеҳнӣ», «Моҳияти тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ва нақши он дар фаъолияти соҳибкорӣ» санаҳои 26,27,28 майи соли 2021, дар вилояти Суғд барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва доираи васеъи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар-машварат аз ҷониби мутахассисонӣ соҳа – кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдимҳо пешниҳод карда шуданд, ки якҷо бо кормандони мақомоти дахлдор ва доираи васеъи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор гирифта, бо иштирокчиён суҳбати озод доир гардид.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!