Санаи 31 майи соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми соҳибкорӣ ҷиҳати фаъолсозии лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар мавзӯи “Стартап толкс, соҳибкорӣ ва тиҷорат” миёни ҷавонони майл ба фаъолияти соҳибкорӣ доштаро баргузор намуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонони кишварро дар мадди аввали ташаббусҳо ва бунёдкориҳо қарор додааст, зеро ҷавонони имрӯза ояндаи давлату миллат мебошанд. Нақши ҷавонон дар пешбурди субъектҳои соҳибкории хурду миёна калидӣ буда, дар рушди иқтисоди миллӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Бо истифода аз имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда истодааст, ҷавонон бояд мунтазам бо роҳи татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфиёту ихтирооти нав анҷом дода, усулҳои инноватсионии техника ва технологияҳои муосирро дар рушди соҳибкори ҷорӣ намоянд.

Дар кори форум тренерон ва коршиносони соҳа иштирок ва маърӯза намуда, ба ҷавонон роҳҳои муваффақ шудан бо истифода аз натиҷаҳои объектҳои моликиятти зеҳнӣ дар фаъолияти соҳибкориро омӯзониданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!