Санаи 11-уми июни соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ҷиҳати истиқболи ғолибони Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ, роҳбарияти Муассиса ва намояндаи Идораи патентии Авруосиёгӣ суханрони намуда, ба ғолибони Универсиадаи патентии Авруосиёгии «Нигоҳ ба сӯи оянда», ки ҷамъбасти он санаи 20 майи соли 2021, дар доираи Ассамблеяи байналмилалии ихтироъкорони ҷавон, ки  дар шаҳри Великий Новгороди Федерасияи Россия баргузор гашта буд, табрик намуданд ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодиашон муваффақиятҳоро таманно намуданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 корҳои илмӣ — эҷодӣ пешниҳод гардида, 8 нафар наврасону ҷавонони зерин аз рӯи номинатсияҳои дахлдор соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардиданд:

 

Номинатсияи «Мо насли Д. Менделеев ҳастем. Химикчӣ? Бале! Мо давомнокии умрро зиёд хоҳем кард!», Сазовори “Ҷойи аввал”

ОБИДОВ БЕҲЗОД АМИНОВИЧ 
«Пешгӯии дараҷаи истихроҷи ионҳои аммоний аз оби ифлос бо истифода аз шабакаи автоматикунонидашудаи STATISTICA»  

 

Номинатсияи «Мо насли Абӯалӣ ибни Сино ҳастем. Мо ҷилди шашуми “Қонуни илми тиб”-ро  роҳандозӣ менамоем! »

Сазовори “Ҷойи дуюм”

ИНОЯТЗОДА ГУЛАФЗОИ ШЕРАЛИ

«Коркарди кислотаҳои гуминӣ аз ангишти қаҳваранги маҳаллии Тоҷикистон»«Разработка гуминовых кислот из бурого угля местного Таджикистана»

Ҷавонони зерин дар номинатсияҳои дахлдор бо Ифтихорномаҳо сазовор гаштанд:

ИСМОИЛЗОДА СИТОРАИ СОДИҚ

«Синтез ва тадқиқот дар асоси дива триэфирҳои глицерин»

 

ҲАФИЗОВ ОРЗУ ЗИЁВУДИНОВИЧ

«Баробарии фазавии системаи Na, K // SO4, CO3, HCO3, F-H2O дар 0 С дар минтақаи кристаллизатсияи каробит (KF)»

 

ХОДИЕВА ҶОНОНА БАХТИЁРОВНА

«Хусусияти химиявӣ ва биологии пайвастагии мураккаби руҳ бо мерказолил»

Бо “Диплом”-и Универсиада сарфароз гардонида шуданд:

 

РАҲМОНОВ АФЗУНМЕҲР УСМОНАЛИЕВИЧ

«Таҳияи таркиб ва технологияи ҳамбаҳои зиддиилтиҳобии “САЛВИТ” дар асоси ашёи хоми растанӣ»

дар асоси ашёи хоми растанӣ» 

 

ХАЛИЛОВА МЕҲРОНА ФАРРУХОВНА

«Таъсири стресс ба организми каламушҳо бо фаъолияти гуногуни рафторӣ ба моделҳои гуногуни таъсири стресс»

Номинатсияи: «Мо насли Н.Тесла ҳастем. Тамоми қонунҳои табиат дар дасти мост»;

 

ҶУРАБОЕВ МУҲАММАДАЛИ ФАРМОНКУЛОВИЧ
«Датчикҳои лазерии ҷойивазкунӣ дар асоси композитҳои булӯрии полимерӣ ва моеъ»

 

МИРЗОМАҲМУДОВ АЗИМҶОН РУСТАМОВИЧ
«Ҳалли дастгоҳии инноватсионӣ барои коркарди  маҳсулоти нақлиёти муосири суръатноки роҳи оҳани шаҳр»

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!