Санаҳои 29, 30-юми июн ва 01, 02-юми июли соли ҷорӣ Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) дар якҷояги бо Идораҳои патентии давлатҳои аъзо, аз ҷумла «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо семинар-машварати омӯзиширо дар мавзӯи «Тартибҳо ва амалиётҳои Низоми Мадрид» барои доираи коршиносони самти бақайдгирии байналмилалии тамғаҳои молӣ тариқи маҷозӣ (фосилавӣ) баргузор намуд.

Семинар-машварати мазкурро намояндаи СУМЗ ҷаноби Чен Хонгбинг, Директори шуъбаи амалиётии Низоми Мадрид бо суханони ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшиданд ва дар ҷараёни баргузории семинар-машварат мутахассисони соҳа аз СУМЗ бо маърузаҳои худ баромад намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки мақсад аз гузаронидани семинар-машварати мазкур ин ба мутахассисони соҳа, аз ҷумла коршиносони самти бақайдгирии байналмилалии тамғаҳои молӣ фаҳмонидани ҷанбаҳои тартибӣ ва амалии Низоми Мадрид мебошад.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!