Санаи 23 июли соли ҷорӣ бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2019-2020 баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки Муассиса дар ду сол як маротиба дар доираи ҷашни «Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ-26 апрел» озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон»-ро мегузаронад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар бо мақсади  ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ,  дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ,  ҳамчунин ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020» баргузор гардид.

Озмуни мазкур маротибаи 13-ум аст, ки баргузор карда шуда, соли ҷорӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба Озмун аз санаи 2 январ оғоз гардида, санаи 19 марти соли ҷорӣ ба анҷом расид. То санаи ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо, 51 нафар ихтироъкор бо пешниҳоди 117 адад ихтироъ барои иштирок дар Озмун ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд ва ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ба Комиссияи Озмун супорида шудаанд.

Тибқи қарори Комиссияи озмун устоди  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна сазовори Медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2019-2020 сарфароз гардонида шуд.

Гайбуллоева Зумрат Хабибовна, дорандаи  7 нахустпатент,  1-патенти Авруосиёгӣ, 4-аризаи Авруосиёгӣ ба ихтироъ мебошад

Тибқи қарори Комиссияи озмун Баҳриев Суҳбатҷон Ҳусейнович бо ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ – медали тиллоии ба номи В.И. Блинников «Барои саҳми арзанда гузоштан ба соҳаи ихтироъкорӣ ва патентӣ»  ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2019-2020 сарфароз гардид. Баҳриев Суҳбатҷон Ҳусейнович дорандаи 1-патент, 15-нахустпатент, 2- патенти Авруосиёгӣ, дастурамал барои фермерҳо ва деҳқонҳо мебошанд.

Тибқи қарори Комиссияи озмун се  нафар бо ҷоизаи олии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Нишони фахрии МД ММПИ» сарфароз гардонида шуданд

1)Муҳиддинов Зайниддин Қамарович-доктори илмҳои кимиё, профессор, корманди Институти кимиёи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Муҳиддинов Зайниддин Қамарович дорандаи 12-ҳуҷҷати муҳофизатӣ , 2 аризаи Авруосиёгӣ  ба ихтироъ, 11-мақолаҳои оммавӣ ва 360 асарҳои илмӣ мебошанд;

2)Мироҷов Гиёсудин Кудбудинович, доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, гепатолог ва гастроэнтерологи МД «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон». Мироҷов Гиёсудин Кудбудинович дорандаи 20-ҳуҷҷати ҳифозатӣ, 6-монография ва зиёда аз 400 мақолаи илмӣ мебошанд;

3)Базаров Негмат Исмаилович, доктори илмҳои тиб, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино; Базаров Негмат Исмаилович Дорандаи 7-ҳуҷҷати муҳофизатӣ, 6-монография ва 400 мақолаҳои илмӣ мебошанд.

Тибқи қарори Комиссияи озмун се  нафар бо ҷоизаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» сарфароз гардонида шуданд.

1)Нуралиев Луқмон Юсуфович, унвонҷӯи Кафедраи физиологияи патологии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, табиб – эндокринолог дар шуъбаи «Диабети қанд»-и МД «Маҷмааи тандурустии Истиқлол». Нуралиев Луқмон Юсуфович дорандаи 1-патенти Авруосиёгӣ,  7-мақола,  5-фишурда (тезис) ва 1-китоб мебошанд;

2)Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович, доктори илмҳои техникӣ, дотсент, Мудири Кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович дорандаи 10-ҳуҷҷати ҳифозатӣ, 3- китоби дарсӣ, 3-монография, 8-воситаи таълимӣ, 5- барномаҳои таълимӣ ва 250 мақолаҳои илмӣ мебошанд;

3)Шамсиддинов Ҷумабой, муҳандис, корманди Филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Шамсиддинов Ҷумабой дорандаи 1 адад ҳуҷҷати ҳифозатӣ ва 1 адад патенти Авруосиёгӣ мебошанд.

 Ҳамчунин тибқи қарори Комиссияи озмун чаҳор нафар ихтироъкорон бо “Диплом”-ҳои дараҷаи аввал, дуюм сеюм ва олӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ба довталабон-ихтироъкорони дигар дипломҳои иштирокчии озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар самти ихтироъкориву  навоварӣ як қатор ихтироъкорони ҷумҳурӣ  бо нишону ҷоизаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла:

– 23 нафар ихтироъкорони Ҷумҳурии Точикистон бо медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ);

-14 нафар бо медалҳои тилоии В.И.Блинников-и Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ («Барои саҳми арзанда гузоштан ба соҳаи ихтироъкорӣ ва патентӣ»);

-30 нафар ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Нишони Фахрии «Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Кореяи ҷанубӣ баргузор мегардад, Муассиса 47 адад ихтироъи 37 нафар  бонувон ихтироъкори кишварро пешниҳод намудааст, ки он сазовори 18 медали тилло, аз ин миқдор 2 медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 3 медали тилоии Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии мардумии Чин, Таиланд ва Олмон, 18 адад медали нуқра, 13 адад медали биринҷӣ, ҳамчунин 2 адад Гран-прӣ-и Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд, 1 адад Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон, 1 адад Ҷоизаи аввалини Ҷумҳурии исломии Эрон ва 1 адад Ҷоизаи махсуси Индонезия ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадрдонӣ карда шудаанд.

Бо истифода аз имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, ширкатҳои хусусӣ, олимону ихтироъкорон бояд мунтазам бо роҳи татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфиёту ихтирооти нав анҷом дода, усулҳои инноватсионии техника ва технологияҳои муосирро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ намоянд.

Ҷаҳони муосири саноат ва истеҳсолот технологияҳои навтарини замонавиро талаб менамояд.  Аз ин рӯ ба мо зарур аст, ки ихтирооти наве эҷод намоем, ки ҳамқадами замона бошад. Чунки эҷоди технологияи муосир ба ихтирооти нав эҳтиёҷ дорад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба рушди минбаъдаи  низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ, дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои давлатӣ чораҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст, ки ин чораҳо мунтазам дар амал татбиқ карда хоҳанд шуд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!