Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат,

рамзи саодат ва асолати миллат,

шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

 

Истиқлолият-номусу шараф ва неъмати бебаҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, бо сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифт ва дар партави хуршеди истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. 

Шарофати истиқлолияти миллӣ аз гавҳар ва замири давлатдорӣ ва бақои миллати тоҷик истеҳком гирифта, асолати хирадмандонаи  Пешвои муаззами миллат дар ҳар як саҳфаи он бо хатҳои зарин нақш гузоштааст.

Истиқлолияти миллии тоҷикон дар зарфи 30 сол, ҳамчун як давлати комилҳуқуқи навбунёд, демократӣ ҳуқуқбунёд ва дар арсаи байналмилалӣ шӯҳратёб гардида, соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар ба тадриҷ боло рафта рӯ ба рушд ниҳод.

Тоҷикистони азиз имсол 30-умин солгарди Истиқолияти худро дар фазои дӯстиву садоқат, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамояд. Вақт аз оне, ки мо «Истиқлолият» мегӯем бояд мафҳуми ин калимаро хуб дарк намоем. Истиқлолият- пеш аз ҳама ин озодӣ, озод будани инсон, давлат ва гуруҳу миллат аз зери ниҳод ва таъсири давлати беруна ё давлати қудратхоҳ мебошад.  Истиқлолият ин неъмати бебаҳо ва ганҷи пурқиммат аст. 

Албатта истиқлолияте, ки  30 сол пеш миллати тоҷик онро ба даст овард дар ҳаёти маънавию маданӣ, фарҳангию иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва риштаҳои гуногуни дӯстию рафоқат байни давлатҳои гуногуни сайёра давлати Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ  намуд.

Ҳамаи он кӯшишу заҳматҳо баҳри ба даст овардани Истиқлолият, пешравӣ, рушду нумӯ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат ва давлати  тоҷикон бо сарварӣ ва дастгирии  фарзанди барӯманд ва Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо қайд намудаанд: «….Истиқлолият-ин рамзи соҳибдавлатӣ, ватандории миллати сарбаланди муттамадини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо менамояд.!»

Ваҳдат, сулҳ ва оромии  давлат    пешрафт ва шукуфоии миллат аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дарк намуда буданд, ки ҳамаи амали зӯроварона дар охир бенатиҷа хоҳад буд. Сарвари хирадманд ва дурандеш хуб дарк мекарданд, ки танҳо бозуи устувори сулҳу ваҳдат метавонад ҷомеаи моро аз вартаи ҷангу хунрезиҳо наҷот бахшад.

Мусибате, ки солҳои 90-ум ба сари халқи тоҷик омад, метавонист якпорчагии давлати моро халадор намуда, ба парокандашавии халқи куҳанбунёди мо боис гардад. Хушбахтона, халқи фарҳангсолори мо бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қавииродаву матин мебошад, ки тавонистанд  моро аз ин хатар эмин доранд.

Истиқлолият  ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

Миллати тоҷик хизмату заҳматҳои пуршарафи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки то ба айни замон баҳри рушду нумӯи Тоҷикистони азиз анҷом дода истодаанд ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.   Амр, супориш, дастур ва қарорҳои Сарвари давлат дар бораи «Хафъи силоҳ», «Созишномаи оташбас бо мухолифин», «Баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз хоки Ҷумҳурии исломии Афғонистон», «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» ин аввалин корҳои ба анҷом расонида ва хирадмандонаи Сарвари давлат, буданд, ки баҳри сохтмони пойдевори давлати соҳибистиқлол асос гузошта ва ниҳоят ба мақсади хеш расиданд.

Ба даст овардани сулҳ, ваҳдат ва ризояти миллӣ  яке аз роҳҳое буданд, ки бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз тӯл кашида оқибат ба музокироти миллии тарафайн ба анҷом расида ақлҳои солимро ба осоишу амнияти кишвар ҳидоят намуд.

Инак 24 сол мешавад, ки музокироти байни тоҷикон дар фазои дастовардҳои истиқлолияти миллӣ, фарҳангу сулҳу суббот,  дӯстиву бародарӣ, хамдигарфаҳмиву ифтихори миллиро дар раванди пешрафт ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва арсаи байналмиллалӣ шуҳратбор намуда бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик ҳаёти осоишта ва меҳнати созандагию бунёдкориро мақсаду мароми доимии худ қарор медиҳад.

Муаррифӣ намудани давлати Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки дар ҷаҳон давлате ҳаст, ки Тоҷикистон ном дошта, таърих, фарҳанг ва мероси бой ва гузаштаи чандинасраи ниёгони миллии худро дорад. Дорои давлат, забон, миллат, парчам, нишон, суруди миллӣ, пойтахт, ҳудуд, Президент ва Конститутсия мебошад.

Маҳз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид ба таҳкими ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои идоракунии захираҳои об ва истифодаи оқилонаи он буд, ки аз ҷониби ин созмони бонуфуз чаҳор пешниҳоди Сарвари Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон  аз қабили Соли 2013- «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Соли 2013 –«Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  дар сатҳи ҷаҳонӣ  қабул гардида, татбиқ гардида истодаанд.

Истиқлолият барои миллату ватани мо дастовардҳои бузургеро дар саҳифаҳои таърих нақш гузошт. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки  Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободонӣ ва пешрафти иқтисоди кишвар чи қадар ҷидду ҷаҳд менамояд.  

Саҳифаҳои истиқлолият барои мо роҳи наверо аз синаи кӯҳи Анзоб рахна намуда тавассути нақби «Истиқлол» ду минтақаи кишвар, яъне «ҷануб» ва «шимол»-и мамалакатро бо ҳам пайваст намуд. Пас аз ин дар ҷумҳурӣ сохтмонҳои азим аз қабили, роҳи оҳани «Кӯлоб – Бохтар», роҳи мошингарди «Кӯлоб – Шикеб – Зиғар», «Восеъ-Ховалинг», роҳи мошингарди «Ваҳдат – Тоҷикобод – Ош (Ҷумҳурии Қирғизистон), «Душанбе – Ваҳдат –Данғара», «Душанбе-Турсунзода»,  роҳи мошингарди «Душанбе – Чаноқ», «Айни-Панҷакент», Нақбҳои мошингарди «Озодӣ» тавассути ағбаи «Шар – Шар»,  нақби мошингард тавассути ағбаи «Шаҳристон», нақби мошингарди «Хатлон»  тавассути ағбаи «Чормағзак», ифтитоҳи 5 адад пулҳои мошингард тавассути минтақаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ифтитоҳи 9 адад гузаргоҳҳои сарҳадӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, сохтмони Нерӯгоҳҳои обии «Сангтӯда -1», «Сангтӯда – 2», «Роғун», ифтитоҳи сохтмони хатҳои пуршиддати 500 киловаттаи барқии «Ҷанубу Шимол», ба истифода додани агрегати якум ва дуюми НОБ Роғун, сохта ба истифода додани 220 км роҳи оҳан бо 3 нақби қаторагузар, 2200 км роҳҳои нави автомобилӣ, бунёди 1600 корхонаҳои истеҳсолӣ, 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1258 муассисаҳои тандурустӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикӣ,  бунёди 2 адад роҳи сеқабата, 231 майдончаи варзишӣ, 71 боғу хиёбон  дар шаҳри Душанбе, ифтитоҳи бинои «Қасри миллат», «Кохи Наврӯз», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», иншоотҳои маҷмаавии «Нишони миллӣ», «Парчами миллӣ» ва ҳазорҳо дигар сохтмонҳои азим оғоз ва ифтитоҳ ёфта ҳалли мушкилоти халқро дар раванди барномаҳои созандагӣ ва бунёдкории давлати демократӣ, дунявӣ  аз байн бурда истодааст.

Чи тавре, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намудаанд: «…Бо шарофати ин неъмати худодод, яъне истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳуввияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, хулоса ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори таърихӣ-эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу фардо эҳё намоем…»

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, ба монанди идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оғоз намуда, бо қабул ва татбиқи як силсила барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои судманд ба татбиқи нақшаҳои азими рушд заминаи мустаҳкам гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз дастовардҳои даврони истиқлолият сухан намуда қайд карданд, ки «…Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар даромади пули аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 милиард сомонии соли 2014 то 23,6 милиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 милиард киловатт соати 1991 ба 21 милиард киловатт соати 2019 афзоиш дода шуд.»

Моро зарур мебояд, ки аз ин неъмат ва дастоварди пурарзиш бепарвою бетараф набошем.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ маҳз ҳастии давлату миллат ва рушди сиёсати иҷтимоию иқтисодии миллати тоҷикро аз Ваҳдати миллӣ нуқтаи назар менамоянд. Аз ин рӯ аз сулҳу субботе, ки мо онро бо чи қадар ранҷу заҳматҳо, ба даст овардем бояд шукрона бояд кард. Аҳамияти сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро бояд  аз хурд то бузурги ҳар як фарди миллати тоҷик  қадр ва ҳифз намоем.

Дар ин замина мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бояд ба ваҳдату истиқлолияти кишварамон  ҳамчун дастоварди  бузурги миллӣ арҷу эҳтиром дошта бошем. Ваҳдати миллӣ бо заҳмату талошҳои  хеле сангини -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати сарбаланди тоҷик гардидааст.

Хизматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки на танҳо баҳри манфиати Тоҷикистони азиз балки баҳри пойдории сулҳу суббот, рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тамоми самтҳо анҷом додааст, аз ҷониби роҳбарони давлатҳои ҷаҳон баҳои баланд дода шудаанд.  Аз ҷумла, роҳбари собиқи Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск зимни баромади хеш қайд намудааст «..Ҳақиқатан мардуми тоҷикро шахсе сарварӣ менамояд, ки чунин роҳбарро мардумони кишварҳои гуногун орзу менамоянд».

Имрӯз Тоҷикистони азиз бо Сарварии фарзанди фарзонаи хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои кушодро роҳандозӣ намудааст, ки то ба имрӯз бо 176 кишвари ҷаҳон  равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ дорад.  Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯбаи ИДМ, СААД ва СҲШ дар таҳкими субот, амният ва рушди иқтисоди муштарак вусъат дода истодааст. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ваҳдати миллиро муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат дониста, пайваста дар баромадҳояшон таъқид менамоянд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои  муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки  аркони давлатдорӣ ва шохаҳои  фалаҷшудаи  ҳокимиятро дар мамлакат  барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама  ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору  суботи сёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди  бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Албатта сиёсати пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон маъмулу мушарраф гардида аз ҷониби давлатҳои абарқудрат дастгирӣ ва баҳои баланд дода шудааст. Ин буд, ки санаи 25 августи соли 2011 ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо- «Пешвои асри XXI» тақдим карда шуд. Ҳамчунини панҷ маротиба Сарвари давлати мо ба феҳристи 500  мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардиданд, ки чунин тӯҳфа ва унвони ҷомеаи Аврупо, Осиё ва Арабистон, ки ба Президенти ҷумҳурии мо дода шуд  фахри ҳар як фарди миллати тоҷик мебошад. Мо умеди онро дорем, ки дар оянда Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ин ҳама дастовардҳои бузурги истиқлолияташ, дар қатори давлатҳои абадқудрати чаҳон яке аз давлатҳои демократии пешқадам ба шумор меравад. Таманнои онро менамоем, ки дар хонадони ҳар як фарди Тоҷикистонӣ сулҳ, дӯстӣ, рафоқат абадан ҷовид хоҳад монд. Ҳамеша дасти дуо ба корнамоиҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебардорем, ки барои миллату кишвари мо ҳамчун як фарди тоҷик чи қадар корҳои зиёдеро баҳри рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии кишвар ва некӯаҳволии зиндагии мардуми тоҷик  ба анҷом расонид ва расонида истодааст, ки мо мардуми шарифи тоҷик онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.

Бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро воқеъбинона таҳлил намоем. Ба ҳар яке аз онҳо баҳои ҳаққонӣ диҳем ва роҳи рушду нумӯи кишварамонро равшан муайян созем.

Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти  коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳи амиқро дар самти саноатикунонии босуръати кишвар пайгирона амалӣ карда истодаем.

Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар  аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Бо ифтихор аз дастовардҳои даврони истиқлолӣ мо аминем, ки рушди босуботи иқтисоди  кишвар, сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди рақамӣ дар ҷумҳурӣ боз ҳам рушд намуда, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, Тоҷикистон дар қатори яке аз давлатҳои пешрафта шомил мегардад.

 30-солагии Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Боймурод Бойзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, ҳамзамон Сардори Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!