Санаи 14-уми сентябри соли 2021 11-умин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир ба масъалаҳои ҳифз ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ дар шакли гибриди дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Шӯрои мазкур намояндаи ваколатдор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа намояндагони кишварҳои узви Шӯрои байнидавлатии ИДМ Ҷумҳурии Арманистон, Беларус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон,Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Идораи патентии Авруосиёгӣ иштирак намуданд.

Дар раванди ҷаласа як қатор масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд, аз ҷумла;

– оид ба ҳолати корҳо дар соҳаи ҳифз ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ ва чораҳои аксуламалӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи мазкур дар давлатҳо аъзои ИДМ ва аъзои ШБМЗ;

– оид ба фаъолияти баззавии Академияи давлатии моликияти зеҳнии Россия (АДМЗР);

– оид ба корҳо дар доираи Лоиҳа оид ба нашри саноатии маҳсулоти (маводи) патентӣ-иттилоотии давлатҳои ИДМ (CISPATENT);

– оид ба Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳо-аъзои ИДМ барои давраҳои то соли 2030, ки бо Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 6 ноябри соли 2020 тасдиқ гардидааст;

– оид ба Нақша чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи якуми (солҳои 2021-2025) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраҳои то соли 2030;

– оид ба лоиҳаи Дастурҳои методӣ оид ба муайянсозии арзиши бозории (баҳогузорӣ) объектҳои моликияти зеҳнӣ;

– оид ба раванди баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ШБЗМ аз ҷониби мақомоти олии ИДМ:

– лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкориҳои давлатҳо-аъзои ИДМ оид ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳо ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;

– лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкориҳои давлатҳо-аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва манъ намудани истифодаи тамғаҳои молӣ ва ишораҳои ҷуғрофии қалбакӣ.

Дар фарҷоми ҷаласа бо қарори якдилонаи кишварҳои узви Шӯрои мазкур намояндаи ваколатдори Федератсияи Россия, Роҳбари Роспатент мӯҳтарам Ивлиев Григорий Петрович ҳамчун раиси Шӯро барои давраҳои ҳисоботии минбаъда интихоб гардид.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!