28 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба 3 бонувони ихтироъкори ҷумҳурӣ Раҳимова Малика – бо медали нуқра ва мукофоти махсуси Ассотсиатсияи намояндагони патентии Корея, Зуурбекова Ойбегим ва Мижгона Шарофова – бо медалҳои биринҷӣ, ки дар 14 – умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирои бонувон дар Кореяи Ҷанубӣ «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, иштирок намуда, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гаштаанд, баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки Намоишгоҳ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ санаи 12 то 14-уми августи соли ҷорӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардида аз 17 кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ихтироъкорон иштирок намуданд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020, №1445 эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодӣ ва масъулиятнокеро ба миён овард, ки ғолиб баромадани бонувон-ихтироъкорон натиҷаи самаранокии он ба ҳисоб меравад.
Инчунин, Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибони Намоишгоҳро табрик ва ҳавасмандгардонӣ намуда, барои аз бар намудани илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ даъват ба амал овард.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!