Санаи 21 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо иштироки роҳбарият ва кулли кормандони Муассиса доир гардид.

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишварро дар бар гирифта, дастуру супоришҳои он ба сифати як ҳуҷҷати роҳнамо дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузорад.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикосгари рушду нумӯи  Тоҷикистони азиз ва дастуре мебошад, ки  баҳри татбиқи нақшаҳои стратегӣ ва афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати тақвияти рушду нумӯи зеҳнӣ, сармояи инсонӣ, илму маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, фарҳанг, амнияту мудофиа, варзиш, сайёҳӣ ва рушду нумӯи дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим бо мақсади  таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!