Санаи 22 декабри соли ҷорӣ сиву нуҳуми (бисту ҳаштуми навбатӣ) ҷаласаи Шӯрои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ (ШМ ТПАО) дар шаҳри Москва бо иштироки намояндагони ваколатдори кишварҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Раиси ШМ ТПАО дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқии ташкилоти мазкур ҷаласаро роҳбарӣ намуд.

Дар ҷаласаи ШМ ТПАО яке аз масъалаҳо баррасии матни шартнома бо Президенти тозаинтихоби ташкилот Ивлиев Г.П. буд, ки аз ҷониби ҳамаи намояндагони ваколатдори кишварҳои аъзои Конвенсия мувофиқ шуморида шуд.

Дар ин хусус Директори МД ММПИ Исмоилзода Мирзо аз ҷониби ТПАО – Раиси ШМ ТПАО бо Президенти тозаинтихоби ташкилот Ивлиев Г.П. шартномаро ба имзо расонд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!