21 декабри соли 2021 ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ байнидавлатӣ оид ба иттилооти илмӣ-техникӣ (ШҲБИИТ) дар дафтари Кумитаи Иҷроияи ИДМ дар шаҳри Москва тавассути видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони давлатҳо аъзои ШҲБИИТ Ҷумҳурии  Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндаи Кумитаи Иҷроияи ИДМ, намояндаҳои ташкилоти пойгоҳии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба мубодилаи байнидавлатии иттилооти илмӣ-техникӣ Институти умумироссиягии иттилооти илмӣ ва техникии Академияи илмҳои Россия ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон – Солиҳзода Суҳроб Ҳаким ва муовини сардори Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассисаи мазкур – Миралиев Киёмиддин Хурсандович ширкат варзиданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳи Раиси ШҲБИИТ, муовини директори Департаменти инноватсия ва таҳқиқотҳои афзалитноки Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Калинин В. В. кушод.

Аз номи Кумитаи Иҷроияи ИДМ мудири шӯъбаи ҳамкориҳои илмию техникӣ ва инноватсияи Департаменти  ҳамкориҳои иқтисодии Кумитаи Иҷроияи ИДМ Мансуров Т. Т. ба иштирокчиёни ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ муроҷиат намуд.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо аз ҷумла:

– вазъи корҳои соҳаи иттилооти илмӣ-техникӣ давлатҳои иштирокчиёни ИДМ – аъзои ШҲБИИ;

– вазъи ВЕБ-шабакаи ШҲБИИ ва ҳолати портали ИДМ “Иттилоот дар бораи фаъолияти инноватсионии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ”;

– лоиҳаи “Консепсияи ташкили платформаи рақами барои мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ ва идоракунии ҳуқуқҳои зеҳнӣ (бонки инноватсия) ИДМ” ва татбиқи “Консепсияи ташаккул ва рушди низоми байнидавлатии тайёр кардан, бозомузии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи иттилооти илмӣ-техникӣ” баррасӣ карда шуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!