Ҳамасола 17-уми январ дар саросари ҷаҳон Рӯзи ихтироъҳои кӯдакона ва ё ба ибораи дигар, Рӯзи кӯдакони ихтироъкор таҷлил карда мешавад. Он на танҳо ба хотири гиромидошти нобиғаҳои ҷавон таъсис дода шудааст, балки ҳадаф аз он аст, ки кӯдаконро ба кунҷковӣ ба олами атроф ва татбиқи эҷодкорӣ дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ ташвиқ кунад.

Ин сана тасодуфӣ набуда, балки дар ин руз арбоби давлатӣ, дипломат, олим, ихтироъкор, журналист Бенҷамин Франклин ба дунё омадааст. Бенҷамин Франклин дар синни 12-солагӣ ихтирои аввалини худ – як ҷуфт қанотҳо барои шиноварӣ, ки ба дастҳо мепӯшид, ихтироъ кард. Ӯ дар оянда ҳам тадқиқоти илмии худро давом дода, таҷрибаҳои зиёде гузаронида, дар илми ҷаҳон саҳми бебаҳо гузошт.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо ҳамасола Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» баргузор мегардад.

Дар ин рӯзи фархунда Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ихтироъкорони ҷавону боистеъдоди кишварро табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳои эҷодиро таманно дорад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!