Ариза барои гирифтани патент

 

Ариза дар бораи додани патент ба намунаи саноатӣ бояд арзномаро оид ба додани патент дар шакли муқарраргардида, маҷмуи тасвирхои намунаи саноатӣ ва тавсифномаи намунаи саноатиро дар бар гирад.

Тасвири намуди зоҳирии маҳсулот, ки ҳифзи он дархост карда мешавад, ҷузъи муҳимтарини ариза аст.

Дар тавсифнома аломатњои асосие, ки махсусият ва навигариро дар намуди зоҳирии мањсулот муайян мекунанд, бояд ба тариқи хаттӣ номбар карда шаванд

 

Пешниҳоди ариза

Пешниҳоди ариза барои гирифтани патент маънои тартиб додани аризаи расмӣ ва аз ММПИ дархост намудани патентро дорад.

Барои муқаррар намудани санаи расмии пешниҳоди ариза бояд ақаллан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

– арзнома дар бораи додани патент;

– маҷмуи тасвирњои маҳсулот;

– тавсифи намунаи саноатӣ, ки номгӯи аломатњои асосии онро дар бар мегирад.

Санаи пешниҳоди ариза дар низоми патентӣ хеле муҳим аст, зеро дар ҳолати баҳс бо аризадиҳандаи дигари дизайни ҳаммонанд ин сана барои муайян намудани аризадиҳандае, ки ҳуқуқи гирифтани патентро дорад, истифода бурда мешавад.

Ба аризаи қабулшуда рақами муаяйн гузошта ва санаи пешнињоди он муайян карда мешавад. Дар ин бора ба аризадињанда огоҳнома фиристода мешавад. Вале ин амал кафолати гирифтани патент набуда, танњо чунин маъно дорад, ки ариза мавриди баррасӣ қарор дорад.