Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993 №242, дар заминаи собиқ Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии иттилооти илмӣ-техникӣ ва тадқиқотҳои техникӣ – иқтисодии Тоҷикистон, таъсис дода шудааст.

   Дар ин давра, Муассиса ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, ҷиҳати таъмини ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллии нерӯи зеҳнӣ бо меҳнати заковатмандона ҷидду ҷаҳд намуданд.

   Муассиса ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ аз оѓози фаъолият, ҷиҳати татбиқи афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, махсусан  ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи обектҳои моликияти саноатиро ба зимма дошта, барои ҳамгироии нерӯи миллии зеҳнӣ ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.

   Вазифаҳои асосии Муассиса аз ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, топологияи микросхемаи интегралӣ, ишораҳои ҷуѓрофӣ иборат буда, инчунин ҳамоҳангсозии корҳои ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии корҳои илмию тадқиқотӣ ва коркардҳои таҷрибавию конструкторӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии маълумотию иттилоотӣ  ба шаҳрвандон, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриро дар бар мегирад.

   Муассиса дар як давраи кӯтоҳ, дар самти ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотнокии ҷомеа ва рушди соҳа як қатор корҳои муҳимро иҷро намуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

   Дар давраи фаъолият заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти саноатӣ бо шаш қонунҳои соҳавӣ пурра гардонида шуда мавриди амал қарор дода шуд. Аз  ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтироъ” (аз 02.01.2019), “Дар бораи намунаҳои саноатӣ” (аз 02.01.2019), “Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ” (аз 02.01.2019), “Дар бораи топологияи микросхемаҳои интегралӣ” (аз 02.01.2019), “Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ” (аз 02.01.2019), “Дар бораи ихтирооти махфӣ” (аз 02.01.2019).

   Ҳамчунин дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созишномаву шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида бо Идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон, бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.

   Аз ҷумла, Созишнома дар бораи ҳамкориҳои патентӣ (14.02.с.1994), Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ (12.05.с.1995), Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ (21.12.с.2011),  Конвенсияи таъсиси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (14.07. с.1967, Стокголм), Конвенсияи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ (20.03.с.1883), Конвенсияи Берн оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (09.09.с.1886) Созишномаи Нитс дар бораи Таснифи байналмилалии молҳо ва хизматҳо барои бақайдгирии тамѓаҳо (15.06.с.1957), Шартномаи Найроб дар бораи ҳифзи рамзи олимпӣ (26.09.с.1981, Найроб), Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамѓаҳо (14.04.с.1891).

   Соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳукуқи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардид.

   Моҳи апрели соли 1996 институти намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Айни замон 19 намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Иҷозатнома, Низомнома “Дар бораи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ мондаанд.

   Аз соли 1993 дар сохтори Муассиса Шӯрои шикоятӣ амал мекунад, ки вазифаи он иборат аз барассии масъалаҳои баҳсӣ дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ мебошад. Шӯрои шикоятӣ мақоми то судӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳсӣ ба ҳисоб меравад.

   Ҷиҳати рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №371 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» қабул карда шуд.

   Бо мақсади ҳамҷониба баррасӣ намудани масъалаҳои мубрами соҳа, ҳамоҳангсозӣ, пешгирӣ намудани холатҳои ҳукуқвайронкунӣ, рақобати бевиҷдононна, тарѓибу ташвиқи соҳа, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии аҳолӣ дар ин давра мутобиқи  қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳо ва шӯроҳо таъсис дода шуд. Аз ҷумла, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005, №514 «Дар бораи таъсиси Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ», аз 3 майи соли 2006, №198 «Масъалаҳои Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» ва  аз 6 декабри соли 2014, №767 бо мақсади амалигардонии Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ таъсис дода шуд.

   Ҳамчунин дар давраи солҳои 2012-2016 Муассиса бо як қатор Идораҳои патентии давлатҳои Исроил, Филиппин, Туркия, Эстония ва Ҷумҳурии мардумии Чин Ёддошти тафоҳум  ба имзо расонидааст.

   Соли 2014 Муассиса Ёддошти тафоҳуми дуҷониба бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ «Оиди коргузории электронӣ дар самти бақайдгирии байналмилалии тамѓаҳои молӣ» ба имзо расонид. Ин дастовард ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки дар ин самт қарорҳои дахлдорро ба арзномаҳое, ки ба воситаи низоми Мадрид ба Тоҷикистон ворид мегарданд, тариқи электронӣ ба Бюрои байналмилалии Созмонии умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ равона намояд.

   Муассиса ҷиҳати иҷрои Нақша чорабиниҳои  «Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ  оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» бо мақсади дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарѓибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманде, ки дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ буда ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу раѓбат доранд, бори аввал дар ҷумҳурӣ аз моҳи май то моҳи октябри соли 2016 Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Қадам ба фардо» ташкил ва баргузор намуд.

   Муассиса давоми солҳои 2013, 2017 ва 2019  Озмуни ҷумҳуриявии Бренди сол  таҳти унвони «Қуллаи Шараф», барои муайян намудани бренди сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Ҳадафи асосии озмуни мазкур, тарѓиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамѓаҳои молӣ ва тамѓаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо вобаста ба истифодабарӣ ва пешбурди Бренд дар фаъолияти худ мебошад.

   Муассиса вобаста ба иҷрои Нақша чорабиниҳои  «Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020» ва Нақшаи кори Шӯрои миллӣ  оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2016-2017) бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯёни донишгоҳҳои олии касбии ҷумҳурӣ, лоиҳаи китоби дарсии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ»-ро (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар алоҳидагӣ) омода намуд.

   Иттилооти илмӣ-техникӣ объекти сиёсии давлат дар соҳаи иттилоот ба ҳисоб рафта, маълумотҳоеро дарбар мегирад, ки онҳо дар рафти фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ, таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ба даст оварда шудааст.

   Марҳилаи аввали табдили қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи иттилоот ба танзим медарорад баъди солҳои 2000 –ум қабул гардид, ки ин қонунҳо дар бораи «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ» ва «Дар бораи ҳифзи иттилоот» мебошанд. Ҳамчунин барои пешрафти илму техника ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва бо мақсади дастгирии давлатии ташаккули захираҳои иттилоотии миллӣ, истифода ва ҳифзи онҳо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2003 №532   «Дар бораи дастгирии давлатии ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расид. Дар асоси қарори мазкур ба зиммаи Муассиса боз як қатор вазифаҳои нав аз ҷумла бақайдгирии давлатии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, захираҳои иттилоотӣ, ҷамъоварии адабиётҳои теъдоди нашрашон кам, мақолаҳо, маърӯзаҳо ва ѓайраҳо вогузор карда шуд.

   Марҳилаи дуюми қонунгузорӣ роҷеъ ба рушди илму техника ва фаъолияти инноватсионӣ баъди солҳои 2005 шуруъ шуд. Яке аз  санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ асосӣ вобаста ба рушди соҳа «Қоидаҳои ташаккул,экспертиза, тасдиқ, маблаѓгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузорӣ мешаванд», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» мебошанд. Дар ин давра дар Муассиса як қатор манбаҳои маълумотии иттилоотӣ-ҷустуҷӯи сохта ба истифода дода шуд, аз ҷумла Манбаҳои маълумотии «Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ конструкторӣ», «Рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ», «Дастхатҳои баамонатгузорӣ», «Кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

   Бо ташаббуси Муассиса соли 2014 аввалин Интернет– портали миллии инноватсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.innovation.tj таъсис дода шуд.

   Интернет-портали миллии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини дастрасии умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботҳои муштариён  ба  иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ, иттилоот оиди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва технологияҳои нав, таъсис дода шудааст. Дар интернет-портал маълумотҳо дар бораи фаъолияти инноватсионӣ, технологияҳои нав ва хизматрасониҳои вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ, ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, соҳибкории хурду миёна тариқи ройгон ҷойгир карда мешаванд.

   Аз соли 2003 ин ҷониб дар Муассиса Кафедраи байнидонишгоҳии “Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ” фаъолият менамояд, ки вазифаи он барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва пурқувват намудани мақоми моликияти зеҳнӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

   Самти асосии фаъолияти кафедра таълими мутахасиссони касбии дорои донишҳои амиқи назариявӣ ва амалии зарур дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, тарғиби донишҳо дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, мукаммалгардонии сифати тайёркунии мутахассисон дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ бо назардошти талаботи истеҳсолоти муосир, илм, техника ва дурнамои рушди онҳо, такмили ихтисоси мутахассисоне, ки дар сохторҳои гуногуни ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ вобаста фаъолият мекунанд, ба ҳисоб меравад.

   Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ  таҳти №22 аз 06.05.с.1965  бо номи Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ ташкил ёфтааст. То ин вақт бошад, дар давоми солҳои 1958 то 1965 он ҳамчун Китобхонаи марказии илмию техникии Шӯрои хоҷагии халқ (Совнархоз) амал менамуд.

   Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993  №242 Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ ба Китобхонаи давлатии патентию техникӣ табдил дода шуда, ба сохтори  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Китобхонаи Муассиса) дохил карда шуд.

   Вазифаи аввалиндараҷаи Китобхонаи Муассиса пуррагардонӣ ва    нигоҳдории хазинаи ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиёти ватаниву хориҷӣ, меъёрию техникӣ, додугирифти байналмилалии ҳуҷҷатҳои патентӣ, баҳисобгирӣ, ҷобаҷогузорӣ, хизматрасонии китобхонавӣ ва иттилоотӣ, пешниҳоди хизматҳои гуногуни китобхонавӣ, автоматикунонии фаъолияти китобхонавию иттилоотӣ, тарѓиби фаъолияти китобдориву китобхонавӣ  мебошад.

   Дар Китобхонаи МД ММПИ «Хазинаи адабиётҳои теъдоди нашрашон маҳдуд» (с.2013) таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз дар хазинаи мазкур зиёда аз 3700 нусха адабиётҳои гуногун ҷамъоварӣ ва  нигоҳдорӣ карда мешавад.

  

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!