Кафедраи байнидонишгоҳии «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» (ҲОМС) соли 2003 дар асоси Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №48 аз 27.01.2003 дар назди МД ММПИ таъсис дода шудаааст. Литсензияи аввалини кафедра барои фаъолияти таълимӣ дар асоси Фармони Вазири маорифи ҶТ № 48 аз 27.02.2003 дода шудааст.

   Кафедраи байнидонишгоҳии «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» воҳиди сохтории Муассиса буда, самтҳои фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо воҳидҳои дигари сохтории МД ММПИ амалӣ менамояд.

   Кафедра фаъолияти илмӣ ва таълимию методиро дар байни донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Фаъолияти кафедра дар асоси Оинномаи МД ММПИ ба роҳ монда шуда, хусусияти байнисоҳавӣ дорад ва ҳуқуқҳои патентӣ, ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ, иттилооти илмию техникӣ ва патентиро ҳифз менамояд.

   Кафедра барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва таҳкими нақши моликияти зеҳнӣ дар фаъолияти субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илмию техникӣ, иқтисод ва тиҷорат кӯшиш менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти кафедра аз инҳо иборатанд:

– омӯзонидан бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дорои дониши назариявӣ ва амалии зарурӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ;

– мукаммалгардонии сифати омодагии мутахассисон дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ бо дарназардошти талаботи истеҳсолот, илм, техника ва рушди ояндаи онҳо;

– такмили ихтисоси мутахассисони сохторҳои гуногуни бо соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ вобаста;

– иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста ба нақшаи корҳои тадқиқотие, ки аз тарафи роҳбарияти МД ММПИ тасдиқ карда мешаванд;

– омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаи таълим дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ;

– тарғиби донишҳои соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ.