Топологияи микросхемаи интегралӣ (минбаъд – топология) –  ҷойгиршавии фазоиву геометрии маҷмӯи унсурҳои микросхемаи интегралӣ ва алоқаи байни онҳо, ки дар ҳомили моддӣ қайд гардидааст;

– топологияи аслӣ – топологияест, ки дар натиҷаи фаъолияти  эҷодкоронаи муаллиф офарида шудааст ва то санаи офарида шуданаш ба муаллиф ва (ё) мутахассисони соҳаи таҳияи топологияҳо номаълум мебошад;

– микросхемаи интегралӣ – маҳсулоти микроэлектроние мебошад, ки дар шакли ниҳоӣ ё нотамом барои кори схемаи электронӣ пешбинӣ шудааст, унсурҳои он ва алоқаи байни онҳо ба таври тақсимнашаванда дар ҳаҷм ё сатҳи маводе, ки дар асоси он ин маҳсулот тайёр шудааст, ташкил ёфтаанд.