ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.

14 феврали соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардида, ҳамчунин ба як қатор шартномаҳо ва конвенсияҳои баналмилалӣ ҳамроҳ гашт.

СУМЗ чист?

 Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) – созмони байналмилалие, ки ба маъмурияткунонии як қатор конвенсияҳо ва шартномаҳои калидӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ машғул аст. Дар навбати якум Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ ва Конвенсия Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ. Аз 1974 СУМЗ функсияҳои муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳидро дар масъалаҳои эҷодиёт ва моликияти зеҳнӣ иҷро мекунад.

Айни ҳол аъзоёни СУМЗ 184 ё зиёда аз 90% кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. Котиботи СУМЗ (ё бюрои байналмилалӣ) дар Женева (Швейтсария) ҷойгир буда, кормандонаш намояндагони 90 кишварро ташкил медиҳанд.

СУМЗ қадимтарин созмони байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Амалан созмони мазкур дар соли 1983, дар ҳоли муттаҳидгардии ду бюрои иҷрокунандаи функсияҳои маъмурии конвенсияҳои Париж (оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ) ва Берн (дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ) ҳамчун як муассиса бо номи БИРПИ (Бюрои муттаҳиди байналмилалӣ оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ) ташкил шудааст.

Аз ҷумла:

  • Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ;
  • Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ;
  • Созишномаи Мадрид оид ба бақайдгирии тамғаҳо;
  • Шартнома дар бораи кооператсияи патентӣ;
  • Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқҳои моликияти саноатӣ;
  • Конвенсияи патентии Авруосиёӣ, шартномаи Сингапур дар бораи қонунҳо оид ба тамғаҳои молӣ;
  • Шартномаи Найроби дар бораи ҳифзи рамзи олимпӣ;
  • Шартномаи Будапешт дар барои эътирофи байналмилалии депозитгузории микроорганизмҳо барои мақсадҳои тартиб патентӣ;
  • Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии номунаҳои саноатӣ;
  • Созишномаи Лиссабон дар бораи ҳифзи номгӯи ҷойи пайдоиш ва бақайдгирии байналмилалии онҳо;
  • Протокол ба созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо;
  • Шартнома дар бораи кооператсияи патентӣ (РСТ);
  • Созишномаи Локарно дар бораи таъсиси таснифи байналмилалии намунаҳои саноатӣ;
  • Созишномаи Нитс дар бораи таснифи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои бақайдгирии тамғаҳо;
  • Созишномаи Страсбург дар бораи таснифи байналмилалии патентӣ;
  • Созишномаи Вена дар бораи таъсиси таснифи байналмилалии унсурҳои тасвирии тамғаҳо;

Ҳамкории байниидоравӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз 12 августи соли 1995 аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёӣ мебошад.

СПАО чист?

Созмони патентии Авруосиёӣ (СПАО) – ташкилоти байналмилалӣ, ҷиҳати иҷрокунии супоришҳои маъмурии марбут ба фаъолияти системаи патентии додани патентҳои авруосиёӣ таъсис дода шудааст. Аъзоёни Созмон кишварҳое мебошанд, ки қаблан ҳамчун Ҷумҳуриҳо дар ҳайти Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд. Забони русӣ, ҳамчун забони расмии Созмон ба ҳисоб меравад.

Бошишгоҳи саридораи СПАО дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷойгир аст.

Аъзоёни Созмонро 8 кишвари тасдиқкардаи конвенсияи патентии Авруосиёӣ ташкил медиҳанд:

Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Туркманистон. Қаблан дар ҳайти СПАО 9 кишвар аъзо будан, аммо 26 апрели соли 2012 Молдавия аз ҳайати созмон хориҷ гашт.

Мақомотҳои Созмонро Шӯрои маъмурӣ ва идораи патентии Авруосиёӣ (ИПАО) ташкил медиҳанд. ИПАО-ро президент, ки болотарин мақоми СПАО ба ҳисоб меравад, сарварӣ мекунад.

Конвенсияи патентии Авруосиёӣ дар таъмини осонгардонӣ ва арзонтаргардонии ҷараёни гирифтани ҳуҷҷати ҳифозатӣ дар тамоми давлатҳо аъзои Конвенсия мусоидат менамояд: як арзномаи авруосиёӣ бо як забон (русӣ) – як экспертиза – патенти ягонаи авруосиёии дар ҳудуди исми зиёди мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравибуда амалкунанда (Конвенсия аз ҷониби Тоҷикистон дар баробари чанде кишварҳои дигар 9 сентябри соли 1994 ба имзо расида, августи соли 1995 ба амал даромадааст).

14 апрели соли 1995 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон формон дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи патентии Авруосиёиро ба имзо расонид.

 ИПАО чист?

Идораи патентии Авруосиёӣ (ИПАО) – мақомоти иҷроияи СПАО ба ҳисоб меравад. “Идораи Авруосиёӣ ҳамаи функсияҳои маъмурии Созмонро иҷронамуда, котиботи Созмон мебошад”.

ИПАО-ро президенти СПАО, ки шахси якум ба ҳисоб меравад, сарвари мекунад.

Президенти СПАО сохтори онро муайян намуда, кормандонро таъин менамояд. Ӯ оид ба фаъолияти СПАО дар назди Шӯрои маъмурӣ ҷавобгӯ буда, аз ҷумла доираи васеи ваколатҳоро дорост:

қабули тамоми чораҳои мутобиқ ба фаъолияти СПАО, аз ҷумла нашри санадҳои меъёрӣ;

пешкаш намудани мулоҳизаҳо ба Шӯрои маъмурӣ оид ба дигаргунсозии КПАО ва дигар санадҳои меъёрии СПАО;

омодасоозии нақшаи бюҷети СПАО ва амалгардонии бюҷет баъди қабули он;

пешниҳоди ҳисоботи солона дар бораи фаъолият ва ҳисоботҳои солонаи созмон ба Шӯрои маъмурӣ;

иҷрокунии идораи кормандони СПАО, таъмини ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии он.

Ҳар як давлати аъзо мувофиқи қоидаи 9 дастури Маъмурӣ ҳиссаи штати кории худро дар ИПАО доранд.

Ҳиссаҳои қайдгардида бо назардошти потенсиали иқтисодии давлатҳои аъзо муайян гардида, нисбати фоиз: барои Россия – 62, Белоруссия – 7, Қазоқистон – 7, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 4, Қирғизистон – 4, Молдова – 4, Тоҷикистон – 4, Туркманистон – 4.

Довталабони мувофиқи ҳиссаи мавҷудбуда барои кор дар ИПАО аз тарафи идораҳои патентии милии ҳамон кишвари аъзо тавсия дода мешаванд. Бар замми ин кормандони пешниҳодшаванда бояд омодагии лозима ва таҷрибаи кори амалиро дар соҳаи моликияти саноатӣ, маҳоратҳои ташкилотчигӣ ва донандаи хуби забони русӣ бошад.

Кормандони ИПАО ҳуқуқи дар ду ҷой кор кардан ва фаъолияти ба корашон халал расонандаро надоранд. Ғайр аз фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва дигар фаъолияти эҷодӣ.

Дар қоидаи 11 дастури Маъмурӣ доираи уҳдадориҳои хизматии кормандон батартиб андохта шудааст, ҳамчунин уҳдарӣ оиди баъди ба итмом расидани фаъолияти хизматӣ ошкор накардан ва истифода набурдани маълумоти характери махфидошта мебошад.

Ҳангоми ба миён омадани баҳсҳо миёни СПАО ва кормандони ИПАО меъёри қонунгузории меҳнатии кишваре, ки идораи марказии СПАО қарор дорад, чораҳо дида мешаванд. Ғайр аз ин кормандон ё собиқ кормандони идораи Авруосиёӣ ҳуқуқи муроҷиат ба суди Маъмурии Созмони байналмилалии меҳнатро дар доираи дастурҳои хизматӣ ё  дар шартномаҳои онҳо бударо доранд.

 Созмони умумиҷаҳонии Савдо (СУС) 

СУС чист?

      Созмони умумиҷаҳонии Савдо (СУС)  1 январи соли 1995 бо мақсади либераликунонии  савдои байналмилалӣ ва танзими муносибатҳои савдоӣ-сиёсии давлатҳои аъзо таъсис дода шудааст. СУС дар асоси Созишномаи  Генералии оид ба тарофаҳо ва савдо (СГТС) ташкил шудасаст, ки дар соли 1947 ташкил шуда, ва дар муддати қариб 50 сол амалан функсияи созмони байналмилалиро бозидааст. Аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ созмони байналмилалӣ ба ҳисоб намерафт. СУС ба коркард ва тадбиқкунии созишномаҳои нави савдоӣ ҷавобгӯ мебошад, ҳамчунин аз рӯйи иҷрои ҳамаи созишномаҳои аз ҷониби қисмати зиёд кишварҳои имзо гардида ва дар парлумони онҳо тасдиқшударо пайгирӣ менамояд. СУС фъолияти худро аз рӯйи хулосаҳои қабулгаридаи солҳои 1986-1994 мувофиқи гирдиҳамоии Уругвай ва шартномаҳои дигари пешин  бо СГТС ба роҳ  мемонад. Муҳокимаи проблемаҳо ва қабули қарор оид ба проблемаҳои глобалии либераликунонӣ ва дурнамои рушди ояндаи савдои ҷаҳонӣ дар ҷаҳорчӯбаи музокироти тиҷоратии бисёрҷониба гузаронида мешаванд.

Қоидаҳои СУС як қатор ҳиссаҳоро барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ пешбинӣ намудааст. Айни ҳол кишварҳои рӯ ба тараққии аъзои СУС сатҳи ҳифзшавандагии нисбатан баланди бозорҳои худ, нисбати кишварҳои тараққикарда мебошанд. Дар маҷмӯъ ҳаҷми муҷозотҳои гумрукӣ-тарофавӣ дар кишварҳои тараққикарда нисбатан гарон буда, аз ин лиҳоз дастрасии маҳсулоти аз нав коркардшуда аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ маҳдуд шудааст. Қоидаҳои СУС танҳо масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро дар бар мегирад. Кӯшишҳои ИМА ва як қатор кишварҳои аврупоӣ оид ба шурӯъ намудани мубоҳиса оиди шароити меҳнат бо сабаби зиддият нишон додани кишварҳои рӯ ба тараққӣ рад гардид. Онҳо  изҳор доштанд, ки чунин чораҳо дар робита бо кам намудани шумораи ҷойи корӣ, паст шудани даромад ва сатҳи рақобатпазирӣ, сатҳи некуаҳволии кормандонро танҳо бадтар месозад.

Идораи марказии СУС дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷойгир шудааст. Сардори СУС (директори генералӣ) – Роберту Карвалюди Азеведу буда, ҳайти кориаш тақрибан 600 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2013 расман ҳамчун 159 аъзои СУС қабул гардидааст.

Мақсад ва вазифаҳои ҳамроҳшавӣ

Пурқувваткунии ҷараёни якҷоякунӣ дар иқтисоди ҷаҳон;

Пасткунии монеаҳои тарофавӣ ва ғайри тарофавӣ дар савдои молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, либераликунонии ояндаи тиҷорати байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароит барои рақобати озод ва боинсофона дар бозори ҷаҳонӣ;

Танзими тиҷорати байлмилалии хизматрасониҳо ва асоси принсипҳои ва қоида интихобгардида, паҳншавии ояндаи он ва тадриҷан либераликунонӣ тавассути гузаронидани гуфтушӯнидҳо;

Сохтани механизми ҳифзи самаранок дар соҳаи ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ бо назардошти фарқиятҳо дар системаҳои миллии ҳуқуқӣ;

Сохтани механизми самараноки гуногунҷабҳаи танзими баҳсҳои тиҷоратӣ;

Амалисозии мониторинги сиёсати миллии тиҷоратии кишварҳои аъзои СУС;

Дастрасии бозорҳои ҷаҳонӣ барои содироти молҳо ва хизматрасониҳои Тоҷикистон;

Батартибандозии қонунгузории тиҷоратии кишвар мувофиқи меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ;

Ташкили муҳити пешгӯикунандаи тиҷоратии сармоягузорӣ дар кишвар;

Таъмини функсияи “майдони гуфтугуӣ” барои гузаронидани даврии гуфтушунидҳои бисёрҷонибаи тиҷоратӣ.