Санаи 26 июн дар маҷлисгоҳи Муассиса ба муносибати 22-юмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва Рӯзи ваҳдати миллӣ-27 июн бо иштироки роҳбарият, рӯзноманигорон ва хабарнигорони ВАО ва кулли кормандони Муассиса чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

   Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ и.в. Директори Муассиса Мирзо Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, доир ба ин санаи таърихӣ,  дастовардҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ва ҳамзамон доир ба ҷаҳду талошҳо, корҳои созандагиву бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суббот, оғози марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлол, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва танзими муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ сухан намуданд.

   Дар чорабинӣ хамчунин дигар кормандони Муассиса бо маърузаҳо баромад намуда доир ба аҳамияти ваҳдати миллӣ, корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суббот, амнияти миллӣ, таъмини осудаҳолии шаҳрвандони кишвар, арҷу эҳтиром гузоштан ба ваҳдату истиқлолият ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ ва муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат фикру андешаи худро баён намуданд.

   Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор хабарнигорон ва рузноманигорони ВАО ҷумҳурӣ, ки саҳми арзандаи худро дар тарғибу ташвиқи моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ гузоштанд, вобаста ба ҳамин санаи таърихӣ бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-и Муассиса қадрдонӣ карда шуданд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!