Санаи 1 июли соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба бонувон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ, ки дар 12 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE – 2019» ва Форуми занҳои ихтироъкор соҳиби ҷоизаҳо гардиданд, баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии «KIWIE» ҳамасола дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардида, ташкилкунандагони ин Намоишгоҳ ва Форум Ассотсиатсияи занҳо-ихтироъкорони Ҷумҳурии Корея  «KWIE» ва Идораи патентии Ҷумҳурии Корея «KIPO» мебошанд.

    Аз ҷониби Ҳайати Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор, ки аз санаи 20 то 23 июни соли ҷорӣ баргузор гардид, 9 адад ихтироъҳои бонувони тоҷик бо 3 адад медали тилло, 4 адад медали нуқра ва 4 адад медали биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз роҳҳои  рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро, рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа таъқид намуданд.

      Дар маҷмуъ,  дар давоми солҳои 2012 – 2018, бо пешниҳоди 44 адад ихтирои 34 бонувон ихтироъкорони ҷумҳурӣ, соҳиби 15 медали тилло, аз ин миқдор 2 медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 3 медали тилоии Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии мардумии Чин, Таиланд ва Олмон, 18 адад медали нуқра, 13 адад медали биринҷӣ, ҳамчунин 2 адад «Гран-прӣ»-и Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд, 1 адад Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон, 1 адад Ҷоизаи аввалини Ҷумҳурии исломии Эрон ва 1 адад Ҷоизаи махсуси Индонезия ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадрдонӣ карда шудаанд.

    Ихтироотҳои пешниҳоднамудаи бонувон-олимони ихтироъкори тоҷик ба соҳаҳои зерин таалуқ доранд: тиб 24 адад, кимиё 14 адад, нассоҷӣ 3 адад, физика 1 адад, саноат 1 адад ва металургӣ 1 ададро ташкил медиҳанд.

      Хурсандиовар аз он аст, ки имрӯз бонувони мо низ дар партави сиёсати гендерии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ихтироъҳои муассире меофаранд, ки дар фаъолияти рӯзмараи инсон татбиқ гардида ва ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамоянд.

   Боиси ифтихор аст, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодӣ, давраи масъулиятнокеро ба миён овард. Аз нишондодҳои оморӣ дида мешавад, ки сол аз сол дар ҷумҳурӣ сафи ихтироъкорону навоварон аз ҳисоби бонувон, махсусан бонувон-олимони тоҷик зиёд гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари мардон низ бонувони мо дар корхонаву муассисаҳо, марказҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ машғул шуда, саҳми худро дар рушди соҳа мегузоранд.

      Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба рушди минбаъдаи  низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ, дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои давлатӣ чораҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!