Санаи 17 сентябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019  бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа иҷрои бандҳои нақшаи Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 аз ҷониби масъулин дида баромада шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!